Ҷавони тоҷик беҳтарин донишҷӯи ИДМ дониста шуд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтуденты на лекции
Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Донишҷӯи факултаи идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон сазовори медали “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ” гардид
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Низомиддин Сафаров, донишҷӯйи факултаи идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон сазовори дипломи дараҷаи I ва медали “Беҳтарин донишҷӯйи ИДМ” гардид.
Дар ин бора Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон иттилоъ додааст .
Тибқи иттилои манбаъ, Низомиддин Сафаров дар лоиҳаи “IV нашриёти байналмилалии китоби “Беҳтарин донишҷӯ”, ки миёни муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 30-солагии иттиҳод амалӣ шуд, иштирок намуд.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Вазорати маориф гуфт, ки дар куҷои Тоҷикистон камбуди шадиди омӯзгорон вуҷуд дорад
Озмуни мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон” ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ дар шакли Ассотсиатсияи “Ҳаракати умумимиллии Бобек” миёни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои ИДМ баргузор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта даҳҳо ҷавону мактаббачаҳои тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷоиза ва медалҳои олемпиадаҳои байналмилалӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0