https://sputnik.tj/20220606/qirghiziston-zanon-noskash-mardon-afzoish-1048964083.html
Дар Қирғизистон теъдоди занони носкаш ҳафт ва мардон се баробар афзоиш ёфтааст
Дар Қирғизистон теъдоди занони носкаш ҳафт ва мардон се баробар афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қирғизистон аз афзоиши афроди носкаш миёни занон хабар дода, пешниҳод кардаанд, ки назорат барои фурӯши ин маҳсулот пурзӯр карда шавад
2022-06-06T13:20+0500
2022-06-06T13:20+0500
2022-06-06T13:23+0500
қирғизистон
нос
тандурустӣ
назарсанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101977/16/1019771643_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_58b587c90271c167c3307a8dc59f88d1.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар Қирғизистон теъдоди заноне, ки аз нос истифода мекунанд, 7 ва мардон 3 баробар зиёд шудааст.Дар ин бора сардори шуъбаи мубориза бо тамокуи Маркази ҷумҳуриявии тандурустии Вазорати тандурустии Қирғизистон Чинара Бекбасарова дар суҳбат бо радиои Sputnik Қирғизистон иттилоъ додааст.Ӯ афзоиши онро ба сабаби болоравии нархи сигор ва фурӯши озоди нос рабт додааст.Мутахассисони ташкилот пурсиши хона ба хона анҷом додаанд. Бекбасарова қайд кард, ки бархе аз шаҳрвандон аз посух худдорӣ карданд, аз ин рӯ рақамҳои воқеӣ шояд бештар бошанд. Раҳбари маркази мазкур қайд кардааст, ки соли 2005 миёни 6000 нафари аз 15-сола боло ва дар соли 2019 дар байни 3000 нафар пурсиш гузаронида шуд. Ғайр аз ин дар байни категорияи ҷавони шаҳрвандон оид ба тамокукашӣ тадқиқот гузаронда мешавад.Ба гуфтаи номбурда, аз ҳама хатарнокаш он аст, ки вобастагӣ ба нос нисбат ба сигор зудтар ба амал меояд. Дасткашӣ аз он низ мушкил аст, зеро никотин дар он ҷо фавран ба майна таъсир мерасонад.Мутахассис чунин мешуморад, ки чораҳои манъи фурӯши маҳсулоти тамоку ба кӯдакон, аз ҷумла дар дӯконҳо пурзӯр карда шавад.
https://sputnik.tj/20220504/peshnihod-nos-mavod-mukhaddir-duma-1048162548.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101977/16/1019771643_268:0:1768:1125_1920x0_80_0_0_5f87b82b1a679aca9bac7b9ceb8d38e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон занон носкаш афзоиш
қирғизистон занон носкаш афзоиш
Дар Қирғизистон теъдоди занони носкаш ҳафт ва мардон се баробар афзоиш ёфтааст
13:20 06.06.2022 (Навсозишуда: 13:23 06.06.2022) Дар Қирғизистон аз афзоиши афроди носкаш миёни занон хабар дода, пешниҳод кардаанд, ки назорат барои фурӯши ин маҳсулот пурзӯр карда шавад
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар Қирғизистон теъдоди заноне, ки аз нос истифода мекунанд, 7 ва мардон 3 баробар зиёд шудааст.
Дар ин бора сардори шуъбаи мубориза бо тамокуи Маркази ҷумҳуриявии тандурустии Вазорати тандурустии Қирғизистон Чинара Бекбасарова дар суҳбат бо радиои Sputnik Қирғизистон иттилоъ додааст.
Ӯ афзоиши онро ба сабаби болоравии нархи сигор ва фурӯши озоди нос рабт додааст.
Мутахассисони ташкилот пурсиши хона ба хона анҷом додаанд.
Бекбасарова қайд кард, ки бархе аз шаҳрвандон аз посух худдорӣ карданд, аз ин рӯ рақамҳои воқеӣ шояд бештар бошанд.
Раҳбари маркази мазкур қайд кардааст, ки соли 2005 миёни 6000 нафари аз 15-сола боло ва дар соли 2019 дар байни 3000 нафар пурсиш гузаронида шуд.
Ғайр аз ин дар байни категорияи ҷавони шаҳрвандон оид ба тамокукашӣ тадқиқот гузаронда мешавад.
"Дар асоси таҳлил мо ба хулосае омадем, ки шумори истифодабарандагони нос афзоиш ёфтааст. Теъдоди занон 7 баробар афзоиш ёфтааст, ҳарчанд дар соли 2005 онҳо на бештар аз 0,5 дарсад буданд ва теъдоди мардон се баробар афзоиш ёфтааст”, - гуфт Бекбасарова.
Ба гуфтаи номбурда, аз ҳама хатарнокаш он аст, ки вобастагӣ ба нос нисбат ба сигор зудтар ба амал меояд. Дасткашӣ аз он низ мушкил аст, зеро никотин дар он ҷо фавран ба майна таъсир мерасонад.
Мутахассис чунин мешуморад, ки чораҳои манъи фурӯши маҳсулоти тамоку ба кӯдакон, аз ҷумла дар дӯконҳо пурзӯр карда шавад.