https://sputnik.tj/20220504/peshnihod-nos-mavod-mukhaddir-duma-1048162548.html
Пешниҳоди ворид кардани нос ба рӯйхати маводи мухаддир дар Думаи давлатӣ
Пешниҳоди ворид кардани нос ба рӯйхати маводи мухаддир дар Думаи давлатӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия бо ишора ба паҳншавии нос миёни ноболиғон ва ишораҳо ба зарари он пешниҳод аст, ки ин маҳсулот ба қатори маводи мухаддир дар ин кишвар шинохта шавад
2022-05-04T10:33+0500
2022-05-04T10:33+0500
2022-05-04T12:57+0500
нос
маводи мухаддир
думаи давлатӣ
тандурустӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/12/1039526244_0:79:1000:642_1920x0_80_0_0_7f7cf082aa3467d960e45e2c5b6b69ee.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ Султон Ҳамзаев бар ин назар аст, ки чунин як моддаи хатарноки дорои никотин ба мисли нос, ки миёни мактаббачагону донишҷӯён паҳн мешавад ва боиси нашъамандию марг мегардад, бояд ба феҳристи маводи мухаддири Федератсияи Русия ворид карда шавад. Дар номае ба унвони вазири умури дохилӣ Владимир Колоколтсев, ки дар ихтиёри хабаргузории РИА "Новости" аст, вакил қайд мекунад, ки фурӯши нос боиси "мавориди вазнини заҳролудшавӣ, марг, шаклҳои гуногуни вобастагӣ ва гир кардани ҷавонон ба маводи мухаддир мегардад". Вакил ҳамчунин паҳн шудани чунин моддаҳоро дар байни мактаббачагон ва донишҷӯён хатарнок мехонад.Ҳамзаев пешниҳод мекунад, ки ин ниҳод як ташаббуси муштаракро таҳия ва пешниҳод кунанд, ки нос ба рӯйхати маводи мухаддири мамнуъ дар Федератсияи Русия ворид шавад.Вакили Думаи давлатӣ гуфтааст, ки нос солҳои тӯлонӣ ҳамчун як навъи маҳсулоти тамоку барои Осиёи Марказӣ анъанавӣ ҷорӣ буд. Ҷузъҳои асосии нос тамоку ва ишқор будаанд. Аммо ба гуфти ӯ, вақтҳои охир нос ба ҷуз як шакли нави маводи мухаддир чизе нест, ки аз реактивҳои гуногуни кимиёвӣ, аз ҷумла ширеш, ҳашиш (каннабис) ва соири дигар маводи мухаддир иборат аст.Вакили парлумон аз ин ниҳод хоҳиш мекунад, ки вазъро зери назорат гирифта, ба шуъбаҳои минтақаии ВКД дастур диҳад, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маҳсуле маъруф ба нос чора андешанд.
https://sputnik.tj/20220504/tojikiston-kohishi-bemoriho-siroyat-1048162155.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/12/1039526244_93:0:982:667_1920x0_80_0_0_2a78331e2f0329ff0a3bfc1d6de8f96e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод нос мавод мухаддир дума
пешниҳод нос мавод мухаддир дума
Пешниҳоди ворид кардани нос ба рӯйхати маводи мухаддир дар Думаи давлатӣ
10:33 04.05.2022 (Навсозишуда: 12:57 04.05.2022) Дар Русия бо ишора ба паҳншавии нос миёни ноболиғон ва ишораҳо ба зарари он пешниҳод шудааст, ки он дар қатори маводи мухаддир дар ин кишвар шинохта шавад
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ Султон Ҳамзаев бар ин назар аст, ки чунин як моддаи хатарноки дорои никотин ба мисли нос, ки миёни мактаббачагону донишҷӯён паҳн мешавад ва боиси нашъамандию марг мегардад, бояд ба феҳристи маводи мухаддири Федератсияи Русия ворид карда шавад.
Дар номае ба унвони вазири умури дохилӣ Владимир Колоколтсев, ки дар ихтиёри хабаргузории РИА "Новости" аст, вакил қайд мекунад, ки фурӯши нос боиси "мавориди вазнини заҳролудшавӣ, марг, шаклҳои гуногуни вобастагӣ ва гир кардани ҷавонон ба маводи мухаддир мегардад".
Вакил ҳамчунин паҳн шудани чунин моддаҳоро дар байни мактаббачагон ва донишҷӯён хатарнок мехонад.
Ҳамзаев пешниҳод мекунад, ки ин ниҳод як ташаббуси муштаракро таҳия ва пешниҳод кунанд, ки нос ба рӯйхати маводи мухаддири мамнуъ дар Федератсияи Русия ворид шавад.
Вакили Думаи давлатӣ гуфтааст, ки нос солҳои тӯлонӣ ҳамчун як навъи маҳсулоти тамоку барои Осиёи Марказӣ анъанавӣ ҷорӣ буд. Ҷузъҳои асосии нос тамоку ва ишқор будаанд.
Аммо ба гуфти ӯ, вақтҳои охир нос ба ҷуз як шакли нави маводи мухаддир чизе нест, ки аз реактивҳои гуногуни кимиёвӣ, аз ҷумла ширеш, ҳашиш (каннабис) ва соири дигар маводи мухаддир иборат аст.
Вакили парлумон аз ин ниҳод хоҳиш мекунад, ки вазъро зери назорат гирифта, ба шуъбаҳои минтақаии ВКД дастур диҳад, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маҳсуле маъруф ба нос чора андешанд.