https://sputnik.tj/20220606/peshgui-boloravi-dollar-1048960124.html
Пешгӯии болоравии башиддати доллар: кай?
Пешгӯии болоравии башиддати доллар: кай?
Sputnik Тоҷикистон
Иқтисоддонҳо бештар дар бораи заиф шудани рубл дар муқобили доллар ҳарф мезананд ва барои ин далелҳо пеш меоранд. Яке аз онҳо таҳримҳои Ғарб аст
2022-06-06T10:31+0500
2022-06-06T10:31+0500
2022-06-06T14:20+0500
қурби асъор
доллар
сомонӣ
рубл
евро
дар тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0c/1048407839_0:72:1281:792_1920x0_80_0_0_afba492e3167edd0e28cb3f4d3db8817.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Қурби доллар дар аввали нимсолаи дуюми соли 2022 боло меравад. Дар ин бора Артем Тузов, директори иҷроияи Департаменти бозори сармояи ИК "Универ Капитал" изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, ин ба далели афзоиши фишорҳои таҳримӣ алайҳи Русия сурат хоҳад гирифт. Ин таъсири маҳдудиятҳои қаблан ҷоришударо афзоиш медиҳад. Чунин хусусиятҳо аллакай пули амрикоиро боло мебаранд.Дар суҳбат бо агентии "Прайм", ӯ тавзеҳ дод, ки ҳоло хариди асъор ғайриимкон аст. Коршинос ба онҳое, ки мехоҳанд аз поин рафтани қурби рубл фоида ба даст оранд, тавсия додааст, ки ба юани чинӣ бодиққат таваҷҷуҳ кунанд."Ҳеҷ чиз ба Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА барои бастани суратҳисобҳои асъори хориҷӣ барои дигар бонкҳои Русия низ монеъ намешавад", - афзуд ӯ. Дар ҳамин ҳол Бонки Русия рӯзи 4 июн як долларро 61,96 рубл, евроро 65,91 рубл муқаррар кардааст. Дар навбати худ, Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯзи ҷумъа қурби асъори хориҷиро зиёд тағйир надодааст.Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти танзимкунандаи асъор, ҳоло ҳазор рубл 175 сомонӣ арзиш дорад. Қурби доллар 11,40 сомонӣ, евро 12,23 муқаррар шудааст.
https://sputnik.tj/20220514/chin-rusiya-dollao-zarba-1048442884.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0c/1048407839_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_9e04b8e21d215b1307f2fe2e0ff5672a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ болоравӣ доллар
Пешгӯии болоравии башиддати доллар: кай?
10:31 06.06.2022 (Навсозишуда: 14:20 06.06.2022) Иқтисоддонҳо бештар дар бораи заиф шудани рубл дар муқобили доллар ҳарф мезананд ва барои ин далел пеш меоранд. Яке аз онҳо таҳримҳои Ғарб аст
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Қурби доллар дар аввали нимсолаи дуюми соли 2022 боло меравад. Дар ин бора Артем Тузов, директори иҷроияи Департаменти бозори сармояи ИК "Универ Капитал" изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ин ба далели афзоиши фишорҳои таҳримӣ алайҳи Русия сурат хоҳад гирифт. Ин таъсири маҳдудиятҳои қаблан ҷоришударо афзоиш медиҳад. Чунин хусусиятҳо аллакай пули амрикоиро боло мебаранд.
"Ҳоло боздоштани афзоиши доллар то 70-75 рубл маънӣ надорад, зеро ин ба пур шудани буҷет дар шароити маҳдуди воридот таъсири манфӣ мерасонад", - таъкид кард Тузов.
Дар суҳбат бо агентии "Прайм", ӯ тавзеҳ дод, ки ҳоло хариди асъор ғайриимкон аст.
Коршинос ба онҳое, ки мехоҳанд аз поин рафтани қурби рубл фоида ба даст оранд, тавсия додааст, ки ба юани чинӣ бодиққат таваҷҷуҳ кунанд.
"Ҳеҷ чиз ба Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА барои бастани суратҳисобҳои асъори хориҷӣ барои дигар бонкҳои Русия низ монеъ намешавад", - афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол Бонки Русия рӯзи 4 июн як долларро 61,96 рубл, евроро 65,91 рубл муқаррар кардааст.
Дар навбати худ, Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯзи ҷумъа қурби асъори хориҷиро зиёд тағйир надодааст.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти танзимкунандаи асъор, ҳоло ҳазор рубл 175 сомонӣ арзиш дорад. Қурби доллар 11,40 сомонӣ, евро 12,23 муқаррар шудааст.