https://sputnik.tj/20220606/nizomiyon-rusiya-artishi-tojikiston-1048971634.html
Низомиёни Русия мутахассисони артиши Тоҷикистонро таълим медиҳанд
Низомиёни Русия мутахассисони артиши Тоҷикистонро таълим медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Тарбиятдиҳандаҳои низомии Русия дар давоми ду моҳи тобистон 500 хизматчии ҳарбии артиши Тоҷикистонро аз рӯи 14 ихтисос таълим медиҳанд
2022-06-06T15:40+0500
2022-06-06T15:40+0500
2022-06-06T17:52+0500
дар русия
артиши тоҷикистон
амният ва мудофиа
тамрин
низомиён
таълим
пойгоҳи 201
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102999/86/1029998695_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_48486c4bc6990581f99a15e597fe7bd9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар тамрингоҳи Лоҳур ва Самбулӣ дар Тоҷикистон мураббиёни низомии Русия ба тамрини хизматчиёни артиши маҳаллӣ шуруъ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбии ФР. Ба иттилои манбаъ, устодони моҳири пойгоҳи низомии 201-уми Русия давоми ду моҳ 500 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тамрин медиҳанд. Пешбинӣ шудааст, ки то моҳи август ронандагон ва нишонгирҳои тонкҳои Т-72 ва мошини ҷангии хушкигард - БМП - 2 омода карда мешаванд. Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия илова намуд, ки марҳилаи омӯзиш аз аз 6-уми июн то 7-уми августро фаро мегирад. Тайи ин муддат ҳамчунин дар назар аст, ки фармондеҳони маҷмааи тирандозии "Град", нишонгиру ронандаҳои БТР-80 ва мутахассисони дигар омода мешаванд. Дар охири марҳилаи омӯзиш, тарбиятгирандаҳо аз санҷиш гузаронда мешаванд ва ҳамчунин тирпаронии назоратӣ аз аслиҳаи мошинҳои ҷангӣ ва гранатомётҳоро анҷом медиҳанд. Маврид ба зикр аст, ки омодасозии мутахассисони тоҷик аз ҷониби низомиёни Русия аз соли 2015 ба ин сӯ мунтазам амалӣ мешавад. Тайи ин муддат зиёда аз 6 ҳазор низомӣ тайёр карда шудаст. Ба ҳисоби миёна давоми як сол то як ҳазор хизматчии ҳарбии Тоҷикистон аз давраҳои омӯзишии баргузорнамудаи Русия мегузаранд. Маврид ба зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди ҳарбӣ дар берун аз қаламрави ФР мебошад. Ин пойгоҳ ҳазорҳо низомиро дар бар гирифта, дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе ҷойгир аст. Пойгоҳ дар таркибаш воҳидҳои низомии тирандози савора, тонкӣ, артиллерӣ, иктишофӣ, воҳидҳои дифои ҳавоӣ, воҳидҳои мудофиаи радиативӣ, кимиёӣ ва биологиро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20220602/artish-rusiya-mashq-tamringohi-lohur-1048865910.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102999/86/1029998695_0:0:1067:800_1920x0_80_0_0_d6caceb29ef14cfdaf93599dad9ec333.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарбия, мутахассис, тоҷик, русия
тарбия, мутахассис, тоҷик, русия
Низомиёни Русия мутахассисони артиши Тоҷикистонро таълим медиҳанд
15:40 06.06.2022 (Навсозишуда: 17:52 06.06.2022) Тарбиятдиҳандаҳои низомии Русия дар давоми ду моҳ 500 нафар аз низомиёни артиши Тоҷикистонро аз рӯйи 14 ихтисос таълим медиҳанд
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар тамрингоҳи Лоҳур ва Самбулӣ дар Тоҷикистон мураббиёни низомии Русия ба тамрини хизматчиёни артиши маҳаллӣ шуруъ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбии ФР.
Ба иттилои манбаъ, устодони моҳири пойгоҳи низомии 201-уми Русия давоми ду моҳ 500 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тамрин медиҳанд.
Пешбинӣ шудааст, ки то моҳи август ронандагон ва нишонгирҳои тонкҳои Т-72 ва мошини ҷангии хушкигард - БМП - 2 омода карда мешаванд.
Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия илова намуд, ки марҳилаи омӯзиш аз аз 6-уми июн то 7-уми августро фаро мегирад.
Тайи ин муддат ҳамчунин дар назар аст, ки фармондеҳони маҷмааи тирандозии "Град", нишонгиру ронандаҳои БТР-80 ва мутахассисони дигар омода мешаванд.
Дар охири марҳилаи омӯзиш, тарбиятгирандаҳо аз санҷиш гузаронда мешаванд ва ҳамчунин тирпаронии назоратӣ аз аслиҳаи мошинҳои ҷангӣ ва гранатомётҳоро анҷом медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки омодасозии мутахассисони тоҷик аз ҷониби низомиёни Русия аз соли 2015 ба ин сӯ мунтазам амалӣ мешавад. Тайи ин муддат зиёда аз 6 ҳазор низомӣ тайёр карда шудаст.
Ба ҳисоби миёна давоми як сол то як ҳазор хизматчии ҳарбии Тоҷикистон аз давраҳои омӯзишии баргузорнамудаи Русия мегузаранд.
Маврид ба зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди ҳарбӣ дар берун аз қаламрави ФР мебошад. Ин пойгоҳ ҳазорҳо низомиро дар бар гирифта, дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе ҷойгир аст.
Пойгоҳ дар таркибаш воҳидҳои низомии тирандози савора, тонкӣ, артиллерӣ, иктишофӣ, воҳидҳои дифои ҳавоӣ, воҳидҳои мудофиаи радиативӣ, кимиёӣ ва биологиро дар бар мегирад.