https://sputnik.tj/20220602/artish-rusiya-mashq-tamringohi-lohur-1048865910.html
Артиши Русия мавсими тобистонаи машқҳоро дар тамрингоҳи Лоҳур ифтитоҳ кард
Артиши Русия мавсими тобистонаи машқҳоро дар тамрингоҳи Лоҳур ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 3500 низомии Русия дар Тоҷикистон ба тамрини нақшавии тобистонӣ барои омодагии ҷангӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ шурӯъ карданд
2022-06-02T09:37+0500
2022-06-02T09:37+0500
2022-06-02T13:47+0500
дар русия
дар тоҷикистон
оғози тамринот
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/01/1048858497_0:64:1280:784_1920x0_80_0_0_214a0a028c1db72a3532ac04b2f0c17c.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд, ба тамрини амалии омодагии ҷангӣ дар фасли тобистон шуруъ кардаанд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ. Пеш аз оғози машқҳо фармондеҳи пойгоҳ полковник Евгений Ковалин хидматчиёни ҳарбиро бо оғози давраи нави таълим табрик намуд.Машқҳо дар қаторкӯҳҳои Лоҳур оғоз шуданд, ки дар он ҷо низомиён ба ҳамоҳангсозии ҷузъу томҳо бо истифода аз системаҳои муосири алоқа, иктишоф ва артиллерия, ҳавопаймоҳои бесарнишин шуруъ карданд. Ҳайатҳои чархболҳои гурӯҳи ҳавонавардӣ низ иштирок доранд. Онҳо дар шароити кӯҳистон бо ҳадафи зарба задан ба ҳадафҳои шартӣ парвоз мекунанд. Қайд карда мешавад, ки тамоми супоришҳои ҷангӣ то ҳадди имкон наздик ба шароити ҷангӣ кор карда шудаанд. Дар майдончаҳои таълимӣ техникаи махсуси борбардор ва зиёда аз 500 ҳадаф сохта шуда, тақрибан ҳазор воҳиди мошинҳои низомӣ ҷалб шуд.Қариб 50 фоизи машғулиятҳо дар шароити душвори кӯҳсор шабона мегузаранд. Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи он кишвар аст. Он дар Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
https://sputnik.tj/20220511/havopaymohoi-besarnishini-rusi-tojikiston-parvoz-1048362004.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/01/1048858497_75:0:1206:848_1920x0_80_0_0_7d1dc11df2ade50c03ae7da09d3ed567.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш русия машқ лоҳур тоҷикистон
артиш русия машқ лоҳур тоҷикистон
Артиши Русия мавсими тобистонаи машқҳоро дар тамрингоҳи Лоҳур ифтитоҳ кард
09:37 02.06.2022 (Навсозишуда: 13:47 02.06.2022) Беш аз 3500 низомии Русия дар Тоҷикистон ба тамрини нақшавии тобистонӣ барои омодагии ҷангӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ шуруъ карданд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд, ба тамрини амалии омодагии ҷангӣ дар фасли тобистон шуруъ кардаанд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Пеш аз оғози машқҳо фармондеҳи пойгоҳ полковник Евгений Ковалин хидматчиёни ҳарбиро бо оғози давраи нави таълим табрик намуд.
"Вазифаи асосии тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳо баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо дар умури омодагии ҷангӣ мебошад. Ба сарбоз он чизе, ки омӯзонида шуд, дар ҷанг набояд шиор, балки принсипи кор бошад", - гуфт ӯ.
Машқҳо дар қаторкӯҳҳои Лоҳур оғоз шуданд, ки дар он ҷо низомиён ба ҳамоҳангсозии ҷузъу томҳо бо истифода аз системаҳои муосири алоқа, иктишоф ва артиллерия, ҳавопаймоҳои бесарнишин шуруъ карданд.
Ҳайатҳои чархболҳои гурӯҳи ҳавонавардӣ низ иштирок доранд. Онҳо дар шароити кӯҳистон бо ҳадафи зарба задан ба ҳадафҳои шартӣ парвоз мекунанд.
Қайд карда мешавад, ки тамоми супоришҳои ҷангӣ то ҳадди имкон наздик ба шароити ҷангӣ кор карда шудаанд. Дар майдончаҳои таълимӣ техникаи махсуси борбардор ва зиёда аз 500 ҳадаф сохта шуда, тақрибан ҳазор воҳиди мошинҳои низомӣ ҷалб шуд.
Қариб 50 фоизи машғулиятҳо дар шароити душвори кӯҳсор шабона мегузаранд.
Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи он кишвар аст. Он дар Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.