https://sputnik.tj/20220606/bozor-sughd-mebandand-sharh-maqomot-1048973288.html
Бузургтарин бозорҳои Суғдро мебанданд: шарҳи мақомот
Бузургтарин бозорҳои Суғдро мебанданд: шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз оташсӯзии пурхисороти бозори "Фаровон" -и шаҳри Бохтар, мақомоти сӯхторнишонӣ назорати фаъолияти бузургтарин бозорҳои фурӯши либосро пурзӯр мекунанд
2022-06-06T16:40+0500
2022-06-06T16:40+0500
2022-06-06T19:50+0500
дар тоҷикистон
суғд
бозор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/65/1028326515_0:91:3070:1818_1920x0_80_0_0_9aefd1f671a6597daa57d434446de66b.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Мақомоти оташнишонӣ ҳадаф аз баргузории корҳои профилактикиро ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз оташсӯзии эҳтимолӣ арзёбӣ мекунанд.Ду рӯз қабл мақомот ба гузаронидани корҳои профилактикӣ оғоз намуда, дар зимн бинобар ҷойдошти камбудиҳо дари чанде аз бузургтарин бозорҳои Суғд, аз ҷумла “Шоҳроҳи Абрешим”, “Гуштингир”, “Дилшоди Барно” -и шаҳри Истаравшан ва марказҳои фурӯши матову либос аз ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Раслуовро бастаанд. Ҷамшед Баҳодурзода, нозири Идораи оташнишонии шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳдудшавии кори бозорҳо дар ин шаҳр муваққатӣ буда, ҳадафи он ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз эҳтимоли рухдоди ҳодисаҳои сӯхтор мебошад."Фаъолияти бозорҳо дар шаҳри Истаравшан то замони ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта боздошта шуд. Барои мисол лоиҳакашии васлкунии ноқилҳои барқӣ, сипарҳои оташнишонӣ нопурра буда, роҳҳои автомобилгарди нақлиёти оташнишонӣ низ дуруст карда нашудааст. Барои бартараф намудани ин камбудиҳо муҳлат дода шуд”, - гуфт, нозири сӯхторнишонӣ.Як манбаъ аз “Шоҳроҳи Абрешим” гуфт, ки бо гузашти як рӯз ин бозор санаи 5 июн дубора фаъолияташро аз сар гирифтааст.Дар ҳамин ҳол манобеъ аз мақоми сӯхторнишонии Суғд гуфтанд, ки ҳоло гурӯҳи корӣ аз вазъи бозорҳои либосфурӯшии “Сомон”, “Атуш”, “Баракат” ва “Саховат” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, дар ҳоли ошкор шудани камбудиҳо фаъолияти ин марказҳои савдоро муваққатан манъ хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд дар умум 48 бозор ва марказҳои фурӯши матову либос мавҷуд аст. Гузаронидани корҳои профилактикӣ дар бозорҳои Суғд баъд аз сар задани сӯхтор дар бозори “Фаровон” и шаҳри Бохтар сурат мегирад. Сӯхтори Бозори "Фаровон" рӯзи як июн сурат гирифт, ки дар натиҷа як нафар ҳалок шуду чанд тани дигар ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.Сӯхтор дар Бохтар: охирин маълумотҳо аз оташгирии бозори "Фаровон"Хадамоти оташнишонии ВКД сабаби сӯхтор дар бозори “Фаровон” -ро расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори мазкур рабт доданд. Дар вилояти Суғд аз авоили соли ҷорӣ то ба ҳол 130 ҳодисаи оташсӯзӣ сабт гардидааст, ки то 91% ҳодисаҳои сӯхтор дар манзили сокинон рух додаанд. Бар пояи иттилои мақомот, дар умум аз ҳисоби ҳодисаҳои сӯхтор 2, 6 миллион сомонӣ хисороти молӣ расида ва 63 миллион сомонӣ аз коми оташ наҷод дода шудааст.
https://sputnik.tj/20220603/sohibkore-otashgiri-bozor-farovon-favt-1048892943.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/65/1028326515_237:0:2968:2048_1920x0_80_0_0_24dea58f6424e4a6c81e072fc8a1e0dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд бозор сӯхтор баста
Бузургтарин бозорҳои Суғдро мебанданд: шарҳи мақомот
16:40 06.06.2022 (Навсозишуда: 19:50 06.06.2022) Эксклюзив
Пас аз оташсӯзии пурхисороти бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар мақомоти сӯхторнишонӣ назорати фаъолияти бузургтарин бозорҳои фурӯши либосро пурзӯр мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Мақомоти оташнишонӣ ҳадаф аз баргузории корҳои профилактикиро ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз оташсӯзии эҳтимолӣ арзёбӣ мекунанд.
Ду рӯз қабл мақомот ба гузаронидани корҳои профилактикӣ оғоз намуда, дар зимн бинобар ҷойдошти камбудиҳо дари чанде аз бузургтарин бозорҳои Суғд, аз ҷумла “Шоҳроҳи Абрешим”, “Гуштингир”, “Дилшоди Барно” -и шаҳри Истаравшан ва марказҳои фурӯши матову либос аз ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Раслуовро бастаанд.
Ҷамшед Баҳодурзода, нозири Идораи оташнишонии шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳдудшавии кори бозорҳо дар ин шаҳр муваққатӣ буда, ҳадафи он ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз эҳтимоли рухдоди ҳодисаҳои сӯхтор мебошад.
"Фаъолияти бозорҳо дар шаҳри Истаравшан то замони ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта боздошта шуд. Барои мисол лоиҳакашии васлкунии ноқилҳои барқӣ, сипарҳои оташнишонӣ нопурра буда, роҳҳои автомобилгарди нақлиёти оташнишонӣ низ дуруст карда нашудааст. Барои бартараф намудани ин камбудиҳо муҳлат дода шуд”, - гуфт, нозири сӯхторнишонӣ.
Як манбаъ аз “Шоҳроҳи Абрешим” гуфт, ки бо гузашти як рӯз ин бозор санаи 5 июн дубора фаъолияташро аз сар гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол манобеъ аз мақоми сӯхторнишонии Суғд гуфтанд, ки ҳоло гурӯҳи корӣ аз вазъи бозорҳои либосфурӯшии “Сомон”, “Атуш”, “Баракат” ва “Саховат” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, дар ҳоли ошкор шудани камбудиҳо фаъолияти ин марказҳои савдоро муваққатан манъ хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд дар умум 48 бозор ва марказҳои фурӯши матову либос мавҷуд аст. Гузаронидани корҳои профилактикӣ дар бозорҳои Суғд баъд аз сар задани сӯхтор дар бозори “Фаровон” и шаҳри Бохтар сурат мегирад. Сӯхтори Бозори "Фаровон" рӯзи як июн сурат гирифт, ки дар натиҷа як нафар ҳалок шуду чанд тани дигар ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.
Хадамоти оташнишонии ВКД сабаби сӯхтор дар бозори “Фаровон” -ро расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори мазкур рабт доданд.
Дар вилояти Суғд аз авоили соли ҷорӣ то ба ҳол 130 ҳодисаи оташсӯзӣ сабт гардидааст, ки то 91% ҳодисаҳои сӯхтор дар манзили сокинон рух додаанд. Бар пояи иттилои мақомот, дар умум аз ҳисоби ҳодисаҳои сӯхтор 2, 6 миллион сомонӣ хисороти молӣ расида ва 63 миллион сомонӣ аз коми оташ наҷод дода шудааст.