Даргузашти соҳибкоре, ки дар оташгирии бозори "Фаровон" 95%-и танаш сӯхта буд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкПациент в больничной койке, архивное фото
Пациент в больничной койке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Табибон ҷони нафареро, ки дар ошташгирии ахири бозори Бохтар ҷароҳати вазнин бардошта буд, наҷот дода натавонистанд. Ӯ ба ҳуш наомадаву аз дунё даргузашт
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Маҳмад Сафарови 52-сола, соҳибкоре, ки дар пайи оташгирии бозори "Фаровон"-и Бохтар қисмати зиёди танаш сӯхта буд, даргузашт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз беморхонаи шаҳри Бохтар, ки марҳум дар он ҷо сар аз шаби 2 июн дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт, хабар доданд.
"Қариб 95 фисади танаш сӯхта буд, табибон ҳарчанд кӯшиш карданд, аммо нашуд. Ӯ субҳи имрӯз даргузашт", - афзуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки сӯхтори бозори "Фаровон" соати 22:22 (ба вақти маҳаллӣ)-и рӯзи 1 июн оғоз шуд, ки танҳо бомдоди 2 июн ба оташнишонҳо имкон даст дод, то онро хомӯш кунанд.
Аз Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон бошад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ин соҳибкори фавтидаи сокини шаҳри Бохтар зимни таркиши баллони газ дар яке аз ошхонаҳои дохили бозор захм бардошта буд.
Бозори Фаровон-и шаҳри Бохтар баъди оташсӯзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Мақомот сабаби сӯхтори бозори "Фаровон"-ро муайян кардаанд
Ҳамзамон шаби сӯхтори бозор бо дарди фишорбаландӣ ва ҷароҳатҳои гуногун беш аз 11 нафари дигар низ ба беморхона интиқол ёфтаанд, ки ба ҷуз аз як тан ҳама рухсат шудаанд. Инҳо умдатан коргарон ва фурӯшандагони бозор будаанд, ки талоши наҷоти молашонро кардаанд ва сӯхтаву захмҳои гуногун бардоштаанд.
Ёдовар мешавем, Хадамоти оташнишонии ВКД сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон-Қӯрғонтеппа"-ро расиши кӯтоӽи ноқилӽо дар яке аз ошхонаӽои бозори мазкур гуфта буд.
Гуфта мешавад, дар пайи ин сӯхтор дар масоҳати 1200 метри мураббаъ мағозаҳову растаҳои бозор оташ гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0