Беларус содироти молро ба Тоҷикистон коҳиш дод

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкПроизводство молочных продуктов, архивное фото
Производство молочных продуктов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон афзоиши содирот ба Русияро қайд мекунанд, ки метавонад мунҷар ба тағйири гардиши тиҷорат шавад
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Беларус интиқоли маҳсулотро ба Тоҷикистон коҳиш дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии Бонки АвруОсиёии Рушд.
Манбаъ меафзояд, содироти мол аз Беларус ба кишварҳои ИДМ 75 % суст гардида, ба Русия баръакс бештар шуд.
Қаблан Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дода буд, тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 901 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, савдо бо кишварҳои ИДМ 53,7% гардиши умумии муомилотро ташкил додааст.
Доллары в миниатюрной тележке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод
Гуфта мешавад, ки нишондиҳанда 43 фисади афзоши гардиши колоро ташкил медиҳад.
Ба таъкиди Хадамоти гумрук, афзоиши савдо танҳо бо кишварҳои Туркманистон 4,8, Русия 1,7 ва Беларус 1,7 баробар афзоиш ёфтааст.
Хадамоти гумрук мегӯяд, шарикони аслии тиҷоратии кишвар аз ИДМ Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистонанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон Тоҷикистону Беларус масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши кишоварзӣ баррасӣ карда буданд.
Аз ҷумла масоили воридоти маҳсулоти ширӣ, тухмии картошкаи хушсифат, чорво, қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ аз Беларус зикр гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0