https://sputnik.tj/20220505/afzoish-savdo-tojikiston-idm-1048194631.html
Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод
Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Хаҷми муомилоти молӣ байни ҷумҳурӣ ва ИДМ дар соли ҷорӣ рушди назаррас дошта, аммо содирот беш аз се маротиба нисбат ба воридот камтар будааст
2022-05-05T09:45+0500
2022-05-05T09:45+0500
2022-05-05T12:25+0500
дар тоҷикистон
воридот
содирот
иқтисод
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032525319_3:539:2573:1984_1920x0_80_0_0_ea5bd588757058e17de29bc235fdf876.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 901 миллион долларро ташкил додааст.Тибқи маълумоти ин ниҳод, савдо бо кишварҳои ИДМ 53,7% гардиши умумии муомилотро ташкил додааст.Гуфта мешавад, ки нишондиҳанда 43 фисади афзоши гардиши колоро ташкил медиҳад.Ба таъкиди Хадамоти гумрук, афзоиши савдо танҳо бо кишварҳои Туркманистон 4,8, Русия 1,7, Беларус 1,7 баробар афзоиш ёфтааст.Қаблан Оҷонсии омори кишвар гуфта буд, ки шарикони аслии тиҷоратии кишвар аз ИДМ Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистонанд. Ҳаҷми муомилоти мол бо Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион доллар, бо Қазоқистон беш аз 353,9 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 132,9 миллион долларро ташкил додааст.Бино ба додаҳои Хадамоти гумрук, тиҷорати кишвар бо дигар кишварҳои ИДМ, аз қабили Арманистон, Молдова, Украина ва Қирғизистон ба сатҳи поин расидааст.Бино ба гузориши хабаргузории "Авеста", тавозуни савдо бо кишварҳои ИДМ манфӣ буда, воридоти мол аз содирот беш аз 3,1 баробар зиёд будааст. Тоҷикистон дар маҷмуъ ба ин кишварҳо ба маблағи беш аз 217,7 миллион доллар коло содир ва ба маблағи беш аз 683,3 миллион доллар ворид кардааст.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон то охири соли 2021 додугирифти худро бо кишварҳои ИДМ ба сатҳи рекордӣ расонд. Ҳаҷми он беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28 фоиз зиёд аст.
https://sputnik.tj/20220407/tojikiston-rusiya-tijorat-1047435015.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032525319_21:327:2316:2048_1920x0_80_0_0_ca8b05eb0e936c70a448252a4b91c9e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш савдо тоҷикистон идм
афзоиш савдо тоҷикистон идм
Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод
09:45 05.05.2022 (Навсозишуда: 12:25 05.05.2022) Хаҷми муомилоти молӣ байни ҷумҳурӣ ва ИДМ дар соли ҷорӣ рушди назаррас дошта, аммо содирот беш аз се баробар нисбат ба воридот камтар будааст
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 901 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, савдо бо кишварҳои ИДМ 53,7% гардиши умумии муомилотро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ки нишондиҳанда 43 фисади афзоши гардиши колоро ташкил медиҳад.
Ба таъкиди Хадамоти гумрук, афзоиши савдо танҳо бо кишварҳои Туркманистон 4,8, Русия 1,7, Беларус 1,7 баробар афзоиш ёфтааст.
Қаблан Оҷонсии омори кишвар гуфта буд, ки шарикони аслии тиҷоратии кишвар аз ИДМ Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистонанд.
Ҳаҷми муомилоти мол бо Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион доллар, бо Қазоқистон беш аз 353,9 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 132,9 миллион долларро ташкил додааст.
Бино ба додаҳои Хадамоти гумрук, тиҷорати кишвар бо дигар кишварҳои ИДМ, аз қабили Арманистон, Молдова, Украина ва Қирғизистон ба сатҳи поин расидааст.
Бино ба гузориши хабаргузории "Авеста", тавозуни савдо бо кишварҳои ИДМ манфӣ буда, воридоти мол аз содирот беш аз 3,1 баробар зиёд будааст.
Тоҷикистон дар маҷмуъ ба ин кишварҳо ба маблағи беш аз 217,7 миллион доллар коло содир ва ба маблағи беш аз 683,3 миллион доллар ворид кардааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон то охири соли 2021 додугирифти худро бо кишварҳои ИДМ ба сатҳи рекордӣ расонд. Ҳаҷми он беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28 фоиз зиёд аст.