https://sputnik.tj/20220322/qaror-ghayriqonuni-raison-shahr-tojikiston-1046988950.html
Беш аз 1300 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон ошкор шуд
Беш аз 1300 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии кишвар афзоиш ёфтааст
2022-03-22T17:30+0500
2022-03-22T17:30+0500
2022-03-22T18:47+0500
дар тоҷикистон
фурӯш
ғайриқонунӣ
қарор
замин
юсуф раҳмон
додситон
раис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/80/1030068013_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_8ff38d4e6c94bb5aa54cfc99f6c898ce.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи санҷиши кори мақомдорони давлатӣ дар маҳалҳо дар як соли охир 1 ҳазору 331 қарори ғайриқонунӣ ошкор шудааст. Соли 2020 ин нишондод ба 1 ҳазору 55 адад баробар буд. Ин нуктаро додситони кулли Тоҷикистон дар ҳисоботи ахири солонааш ба палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ баён дошт. Ба гуфтаи Раҳмон, аз 1331 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 1082 ададашон вобаста ба замин мебошанд.Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, дар як сол нисбати садҳо мақомдор барои заминфурӯшӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Дар феҳрасти онҳое, ки барои заминфурӯшӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, 52 нафар аз корманди Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 49 нафар аз бахшҳои Кумитаи идораи замин, 46 нафар аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 41 нафар аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 16 нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 5 нафар аз меъморон зикр шудаанд. Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11 ҳазору 200 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, харидуфурӯши ғайриқонунии 231 гектар ба маблағи махсусан калон ошкор гардидааст.
https://sputnik.tj/20220228/bozdosht-rais-jamoat-ojonsi-zaminfurushi-1046323979.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/80/1030068013_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_891166ac14bb6fe341ba7bad3acc216e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисон, тоҷик, қарор, ғайриқонунӣ
раисон, тоҷик, қарор, ғайриқонунӣ
Беш аз 1300 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон ошкор шуд
17:30 22.03.2022 (Навсозишуда: 18:47 22.03.2022) Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии кишвар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи санҷиши кори мақомдорони давлатӣ дар маҳалҳо дар як соли охир 1 ҳазору 331 қарори ғайриқонунӣ ошкор шудааст. Соли 2020 ин нишондод ба 1 ҳазору 55 адад баробар буд.
Ин нуктаро додситони кулли Тоҷикистон дар ҳисоботи ахири солонааш ба палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ баён дошт.
Ба гуфтаи Раҳмон, аз 1331 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 1082 ададашон вобаста ба замин мебошанд.
"Бояд қайд намуд, ки ҳодисаҳои тақсими ғайриқонунӣ ва харидуфурӯши замин дар аксари шаҳру ноҳияҳо характери оммавӣ касб намудааст", - таъкид намуд додситони кул.
Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, дар як сол нисбати садҳо мақомдор барои заминфурӯшӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Дар феҳрасти онҳое, ки барои заминфурӯшӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, 52 нафар аз корманди Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 49 нафар аз бахшҳои Кумитаи идораи замин, 46 нафар аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 41 нафар аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 16 нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 5 нафар аз меъморон зикр шудаанд.
Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11 ҳазору 200 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, харидуфурӯши ғайриқонунии 231 гектар ба маблағи махсусан калон ошкор гардидааст.