https://sputnik.tj/20220605/raypursi-qazoqiston-elon-gardid-1048951894.html
Раъйпурсӣ дар Қазоқистон баргузоршуда эълон гардид
Раъйпурсӣ дар Қазоқистон баргузоршуда эълон гардид
Sputnik Тоҷикистон
Раъйпурсӣ дар Қазоқистон барои ислоҳи Қонуни асосӣ баргузоршуда эълон гардид, чун теъдоди раъйдиҳандагон аллакай аз ҳадди 50% ҷамъи 1 бештар шуд
2022-06-05T15:40+0500
2022-06-05T15:40+0500
2022-06-06T15:13+0500
раъйпурсӣ
қазоқистон
тағйирот
конститутсия
нурсултон назарбоев
қосим -жомарт тоқаев
интихобкунанда
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/05/1048947185_0:77:1305:811_1920x0_80_0_0_69512fd5896cbdd92bfaedca1054e997.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Ба ҳолати соати 16:00 бо вақти Нур-Султон иштироки овоздиҳандаҳо дар раъйпурсии умумӣ барои ислоҳи Конститутсияи Қазоқистон ҳудуди 60,8%-ро ташкил дод. Дар ин бора Комиссияи раъйпурсии кишвар бо такя ба гузориши намояндагиҳояш аз минтақаҳо хабар дод. Таъкид шудааст, ки аз шумораи умумии интихобкунандаҳо то соати 16:00 бо вақти Нур- Султон беш аз 7,1 млн нафар овоз доданд. Бар асоси қонунгузории Қазоқистон, раъйпурсӣ баргузоршуда ҳисоб мешавад, агар дар он 50% ҷамъи 1 интихобкунанда иштирок намудаанд. Тағйиру иловаҳо қабулшуда ба шумор мераванд, агар беш аз 50%-и раъйдиҳандагони аз се ду ҳиссаи минтақаҳо ба ҷонибдорияшон овоз доданд. Нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар Қазоқистон соати 07:00 кушода шуда, 20:00 бо вақти Нур-Султон баста мешаванд.Бар асоси тағйиру иловаҳо дар назар аст, ки салоҳиятҳои президент дар Қазоқистон коҳиш дода шаванд. Нақши парлумон ва вакилони маҳаллӣ таҳким меёбад.Дар назар аст, ваколатҳои зиёди президент, иштироки сарвари давлат дар ташкили палатаи болоии парлумон коҳиш ёфта, таъсири ӯ ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллӣ маҳдуд мешавад.Инчунин додгоҳи конститутсионӣ ташкил мегардаду ба таври ниҳоӣ ҳукми қатл дар кишвар бекор мешавад.Дар баробари ин тибқи тағйироте, ки ба раъйдиҳӣ гузошта шудаанд, мақоми махсуси раисҷумҳури нахустини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев лағв мегардад.Мақомоти Қазоқистон қаблан изҳор дошта буданд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия дар чаҳорчӯби нақшаи ислоҳоти сиёсии пешниҳодкардаи президент, Қосим Ҷомарт Тоқаев таҳия шудаанд.
https://sputnik.tj/20220316/superprezidenti-toqaev-idora-qazoqiston-1046834493.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/05/1048947185_61:0:1245:888_1920x0_80_0_0_a36ebc6759c5c2f1c05b631945362112.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раъйпурсӣ, баргузоршуда, эълон
раъйпурсӣ, баргузоршуда, эълон
Раъйпурсӣ дар Қазоқистон баргузоршуда эълон гардид
15:40 05.06.2022 (Навсозишуда: 15:13 06.06.2022) Раъйпурсӣ дар Қазоқистон барои ислоҳи Қонуни Асосӣ баргузоршуда эълон гардид, чун теъдоди раъйдиҳандагон аллакай аз ҳадди 50% ҷамъи 1 бештар шуд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Ба ҳолати соати 16:00 бо вақти Нур-Султон иштироки овоздиҳандаҳо дар раъйпурсии умумӣ барои ислоҳи Конститутсияи Қазоқистон ҳудуди 60,8%-ро ташкил дод.
Дар ин бора Комиссияи раъйпурсии кишвар бо такя ба гузориши намояндагиҳояш аз минтақаҳо хабар дод.
Таъкид шудааст, ки аз шумораи умумии интихобкунандаҳо то соати 16:00 бо вақти Нур- Султон беш аз 7,1 млн нафар овоз доданд.
Бар асоси қонунгузории Қазоқистон, раъйпурсӣ баргузоршуда ҳисоб мешавад, агар дар он 50% ҷамъи 1 интихобкунанда иштирок намудаанд. Тағйиру иловаҳо қабулшуда ба шумор мераванд, агар беш аз 50%-и раъйдиҳандагони аз се ду ҳиссаи минтақаҳо ба ҷонибдорияшон овоз доданд.
Нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар Қазоқистон соати 07:00 кушода шуда, 20:00 бо вақти Нур-Султон баста мешаванд.
Бар асоси тағйиру иловаҳо дар назар аст, ки салоҳиятҳои президент дар Қазоқистон коҳиш дода шаванд. Нақши парлумон ва вакилони маҳаллӣ таҳким меёбад.
Дар назар аст, ваколатҳои зиёди президент, иштироки сарвари давлат дар ташкили палатаи болоии парлумон коҳиш ёфта, таъсири ӯ ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллӣ маҳдуд мешавад.
Инчунин додгоҳи конститутсионӣ ташкил мегардаду ба таври ниҳоӣ ҳукми қатл дар кишвар бекор мешавад.
Дар баробари ин тибқи тағйироте, ки ба раъйдиҳӣ гузошта шудаанд, мақоми махсуси раисҷумҳури нахустини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев лағв мегардад.
Мақомоти Қазоқистон қаблан изҳор дошта буданд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия дар чаҳорчӯби нақшаи ислоҳоти сиёсии пешниҳодкардаи президент, Қосим Ҷомарт Тоқаев таҳия шудаанд.