https://sputnik.tj/20220316/superprezidenti-toqaev-idora-qazoqiston-1046834493.html
"Суперпрезидентӣ не": Тоқаев хостори тағйири низоми идора дар Қазоқистон шуд
"Суперпрезидентӣ не": Тоқаев хостори тағйири низоми идора дар Қазоқистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Қазоқистон мегӯяд, дар низоми идоракунии кишвар бояд парлумон қавӣ бошад
2022-03-16T11:04+0500
2022-03-16T11:04+0500
2022-03-16T11:38+0500
қазоқистон
осиёи марказӣ
сиёсат
идора
ҳизб
низом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044727085_0:0:1501:844_1920x0_80_0_0_93391661c2446720da3b307103c5df24.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон пешниҳод кард, ки низоми суперпрезидентии идораи кишвар тағйир дода шавад. Ин нуктаро Тоқаев дар паёмаш ба парлумон изҳор дошта, таъкид намуд, ки дар низоми идора бояд ислоҳот гузаронда шавад. Ӯ изҳори бовар намуд, ки чунин низом тавозуни шохаҳои ҳокимиятро нигоҳ дошта, барои рушди кишвар мусоидат мекунад. Вай ҳамчунин хостори иштирок накардани президент дар фаъолияти аҳзоби сиёсӣ шуд, то шароити баробари рақобати сиёсӣ фароҳам бошад. Тоқаев эълон кард, ки мақоми роҳбари "Аманат"-ро тарк мекунад ва ҳамчунин аз сафи он хориҷ мешавад. "Пешниҳод дорам, дар қонун сабт шавад, ки президент уҳдадор аст, дар давоми иҷрои салоҳиятҳояш узвиятро дар ҳизби сиёсӣ қатъ намояд", - таъкид намуд президенти Қазоқистон. Ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки аъзои Комиссияи марказии интихоботӣ, Кумитаи ҳисоб ва Шӯрои конститутсионӣ аз ҳизб хориҷ карда шаванд. Ҳадафи ин иқдомро Тоқаев фароҳам овардани рақобати сиёсӣ арзёбӣ намуд. Қаблан Тоқаев қарору қонунҳоеро имзо кард, ки Нурсултон Назарбоев, президенти нахустини кишварро аз бисёре аз мақомҳояш маҳрум карданд. Дар зимн таъкид намуд, ки хидматҳои Назарбоевро набояд фаромӯш кард ва агар хатое ҳам дошт, он бояд ибрат барои роҳбарони ҷавон шавад.
https://sputnik.tj/20220218/toqaev-sahm-nazarboev-tarikh-1046025925.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044727085_178:0:1305:845_1920x0_80_0_0_6aee6276ef01c93a11487417f8d49edb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоқаев, хостор, низом, идора, қазоқистон
тоқаев, хостор, низом, идора, қазоқистон
"Суперпрезидентӣ не": Тоқаев хостори тағйири низоми идора дар Қазоқистон шуд
11:04 16.03.2022 (Навсозишуда: 11:38 16.03.2022) Президенти Қазоқистон мегӯяд, дар низоми идоракунии кишвар бояд парлумон қавӣ бошад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон пешниҳод кард, ки низоми суперпрезидентии идораи кишвар тағйир дода шавад.
Ин нуктаро Тоқаев дар паёмаш ба парлумон изҳор дошта, таъкид намуд, ки дар низоми идора бояд ислоҳот гузаронда шавад.
"Ба иқдом барои бозсозии низоми сиёсии рушди кишвар ниёз дорем. Пеш аз ҳама гап сари гузариши комил аз шакли идораи суперпрезидентӣ ба президентӣ бо парлумони қавӣ мебошад", - изҳор дошт раисҷумҳури Қазоқистон.
Ӯ изҳори бовар намуд, ки чунин низом тавозуни шохаҳои ҳокимиятро нигоҳ дошта, барои рушди кишвар мусоидат мекунад.
Вай ҳамчунин хостори иштирок накардани президент дар фаъолияти аҳзоби сиёсӣ шуд, то шароити баробари рақобати сиёсӣ фароҳам бошад. Тоқаев эълон кард, ки мақоми роҳбари "Аманат"-ро тарк мекунад ва ҳамчунин аз сафи он хориҷ мешавад.
"Пешниҳод дорам, дар қонун сабт шавад, ки президент уҳдадор аст, дар давоми иҷрои салоҳиятҳояш узвиятро дар ҳизби сиёсӣ қатъ намояд", - таъкид намуд президенти Қазоқистон.
Ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки аъзои Комиссияи марказии интихоботӣ, Кумитаи ҳисоб ва Шӯрои конститутсионӣ аз ҳизб хориҷ карда шаванд. Ҳадафи ин иқдомро Тоқаев фароҳам овардани рақобати сиёсӣ арзёбӣ намуд.
Қаблан Тоқаев қарору қонунҳоеро имзо кард, ки Нурсултон Назарбоев, президенти нахустини кишварро аз бисёре аз мақомҳояш маҳрум карданд. Дар зимн таъкид намуд, ки хидматҳои Назарбоевро набояд фаромӯш кард ва агар хатое ҳам дошт, он бояд ибрат барои роҳбарони ҷавон шавад.