https://sputnik.tj/20220605/qahramon-zanon-futbolboz-1048945773.html
Оғози сабқати қаҳрамонӣ миёни занони футболбоз дар Тоҷикистон
Оғози сабқати қаҳрамонӣ миёни занони футболбоз дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон мавсими нави қаҳрамонии ҷумҳурӣ дар риштаи футбол миёни занон оғоз ёфта, аллакай дар рӯзи аввал 10 даста вориди майдон мешаванд
2022-06-05T10:20+0500
2022-06-05T10:20+0500
2022-06-05T10:20+0500
дар тоҷикистон
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
занон
бонувон
мавсим
қаҳрамонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101471/09/1014710941_0:34:1600:934_1920x0_80_0_0_31343b213cf08a6fd0e18b57a932da66.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Мавсими нави Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона аз сабқати тими "Конибодом" ва "Ҳосилот" -и ноҳияи Фархор оғоз мегардад. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар маҷмуъ дар қаҳрамонӣ 10 дастаи занона ширкат мекунанд. Дар ин феҳраст тими "Зебонисо" (Душанбе), "Ситора" (Шаҳринав), "Суғд" (Суғд), "Бунҷикат" (Шаҳристон), "Конибодом" (Конибодом), "Хатлон" (Бохтар), "Ҳосилот" (Фархор), "Зебо" (Дӯстӣ), "Бешкент" (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кӯлоб (МДМВ) номбар шуданд.ФФТ афзуд, ки 5 июн дар рӯзи аввали мавсим 5 бозӣ баргузор мегарданд:Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар ду давр баргузор мешавад ва дар он ҳар даста ҳам дар хона ва ҳам дар меҳмонӣ бозӣ мекунад.Бар асоси натиҷаи қуръакашӣ, ки қаблан дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифт, бозиҳои рӯзи 12 июн низ мушаххас шуданд. Дар маҷмӯъ, дастаҳо дар як мавсим 18 бор ба майдон хоҳанд баромад, ки ҳам дар майдони худ ва ҳам дар меҳмонӣ сурат мегирад. Таъкид шудаст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои занона либосҳои варзишӣ, тӯб ва пойафзолро таъмин намуда, инчунин ҳаққи музди доварон, роҳкиро ва будубоши дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ пардохт мекунад.
https://sputnik.tj/20220604/muntakhab-tojikiston-jom-osiyoro-shikast-1048928901.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101471/09/1014710941_156:0:1444:966_1920x0_80_0_0_bd1e05fe36015e46eb9894c282bbe8fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз, мавсим, футбол, занон, тоҷикистон
оғоз, мавсим, футбол, занон, тоҷикистон
Оғози сабқати қаҳрамонӣ миёни занони футболбоз дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон мавсими нави қаҳрамонии ҷумҳурӣ дар риштаи футбол миёни занон оғоз ёфта, аллакай дар рӯзи аввал 10 даста вориди майдон мешаванд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Мавсими нави Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона аз сабқати тими "Конибодом" ва "Ҳосилот" -и ноҳияи Фархор оғоз мегардад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар маҷмуъ дар қаҳрамонӣ 10 дастаи занона ширкат мекунанд.
Дар ин феҳраст тими "Зебонисо" (Душанбе), "Ситора" (Шаҳринав), "Суғд" (Суғд), "Бунҷикат" (Шаҳристон), "Конибодом" (Конибодом), "Хатлон" (Бохтар), "Ҳосилот" (Фархор), "Зебо" (Дӯстӣ), "Бешкент" (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кӯлоб (МДМВ) номбар шуданд.
ФФТ афзуд, ки 5 июн дар рӯзи аввали мавсим 5 бозӣ баргузор мегарданд:
"Конибодам" (Конибодом) – "Ҳосилот" (Фархор)
"Зебо" (Дӯстӣ) – "Суғд" (Суғд)
"Ситора" (Шаҳринав) – "Зебонисо" (Душанбе)
"Хатлон" (Бохтар) – МДМВ (Кӯлоб)
"Бунҷикат" (Шаҳристон) – "Бешкент" (Носири Хусрав)
Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар ду давр баргузор мешавад ва дар он ҳар даста ҳам дар хона ва ҳам дар меҳмонӣ бозӣ мекунад.
Бар асоси натиҷаи қуръакашӣ, ки қаблан дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифт, бозиҳои рӯзи 12 июн низ мушаххас шуданд.
"Ҳосилот" (Фархор) – "Бешкент" (Носири Хусрав)
МДМВ (Кӯлоб) – "Бунҷикат" (Шаҳристон)
"Зебонисо" (Душанбе) – "Хатлон" (Бохтар)
"Суғд" (Суғд) – "Ситора" (Шаҳринав)
"Конибодом" (Конибодом) – "Зебо" (Дӯстӣ)
Дар маҷмӯъ, дастаҳо дар як мавсим 18 бор ба майдон хоҳанд баромад, ки ҳам дар майдони худ ва ҳам дар меҳмонӣ сурат мегирад.
Таъкид шудаст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои занона либосҳои варзишӣ, тӯб ва пойафзолро таъмин намуда, инчунин ҳаққи музди доварон, роҳкиро ва будубоши дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ пардохт мекунад.