Мунтахаби Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо шикасти бузург оғоз кард

© ФФТБозии яккачини Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бо дастаи Арабистони Саудӣ
Бозии яккачини Тоҷикистон дар  Ҷоми Осиё бо дастаи Арабистони Саудӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Аслиддин Ҳабибуллоев, бозии аввали худро дар Ҷоми Осиё-2022 бо нокомӣ оғоз кард.
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Дар Тошканд бозиҳои аввали Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “D” доир гашт, ки мунтахабаи олимпии Тоҷикистон дар аввалин рақобаташ шикаст хӯрд.
Яккачини Тоҷикистон (U-23) дар ин марҳила бозиро бо ҳисоби бузург 0:5 аз тими Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд.
Панҷ голи беҷавоби ҷониби рақибро ба дарвозаи Тоҷикистон Ҳамад Турк Ал-Туҳайфан, Айман Яҳё Аҳма, Ҳаитҳам Муҳаммад Асири, Мутиб Саад Ал-Ҳарбӣ ва Абдулло Ҳодӣ Радиф заданд.
Дар вохӯрии дигари чаҳоргона Ҷопон аз Имороти Муттаҳидаи Араб қавӣ буд ва бозиро бо ҳисоби 2:1 поён дод.
Футбольный мячь на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Агенти футбол гуфт, арзишмандтарин бозигари тоҷик кист
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бозии навбатии худро дар Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбекистон рӯзи душанбеи 6 июн бо тими Имороти Муттаҳидаи Араб анҷом медиҳад.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Локомотив"-и Тошканд баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Аслиддин Ҳабибуллоев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ гуфт, ки яккачини кишвар шомили пурқувватарин гуруҳҳо аст, навиштааст дафтари матбуотии ФФТ.
Ӯ гуфт Тоҷикистон дар ин мусобиқа шомили гуруҳи "D" буда, ҳарифонаш Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва АМА, мебошанд, ки ниёз ба муаррифӣ надоранд.
"Мо дар Ҷоми Осиё-2022 шомили яке аз пурқувваттарин гурӯҳҳо мебошем. Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва АМА – ин дастаҳо ба муаррифӣ ниёз надоранд. Ҳар як мунтахаб кӯшиш мекунад, ки баранда гардад", - афзуд Ҳабибуллоев.
Номбурда гуфт, мушкилии аслии тими кишвар нарасидани бозигарони калидие мебошад, ки дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон қарор дошта, ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд.
Аммо Ҳабибуллоев гуфт, ки бо вуҷуди набудани як қатор бозигарон кӯшиш мекунанд, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Ӯзбекистон натоиҷи хуб ба даст оранд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Бозии тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ дар 3 июн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар 6 июн ва Ҷопон дар 9 июн баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0