https://sputnik.tj/20220605/navruzgoh-festival-ob-dushanbe-1048950674.html
Дар "Наврӯзгоҳ" бори нахуст Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад
Дар "Наврӯзгоҳ" бори нахуст Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Дар фестивал, аз ҷумла намоишгоҳи мардумӣ ва эҷодкорӣ, таомҳои миллӣ, намоиши либос, барномаи консертӣ ва дигар намоишҳо сурат мегирад 05.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-05T14:39+0500
2022-06-05T14:39+0500
2022-06-06T16:39+0500
дар тоҷикистон
душанбе
об
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102538/21/1025382164_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_de4bf853b576a4db02dbfb63ef4d3efe.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Душанбе бори нахуст дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Наврӯзгоҳ" Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора оҷонсии "Ховар" иттилоъ додааст.Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур рӯзи 6 июн баргузор мешавад. Фестивали об аз барномаи васеъ, аз ҷумла намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодкорӣ, таомҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ, барномаи консертӣ ва дигар намоишҳо иборат аст. Гуфта мешавад, барои ширкат дар Конфронси обии шаҳри Душанбе ҳудуди 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд.Ёдовар мешавем, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" таҳти унвони "Фаъолгардонии амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ" баргузор мегардад.Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028", ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд. Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.
https://sputnik.tj/20220604/emomali-rahmon-energiyai-sabz-tojikiston-takon-medihad-1048934262.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102538/21/1025382164_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_a49d18b1f7a963a6fecf74f4727b1f67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, об, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, душанбе, об, иҷтимоъ
Дар "Наврӯзгоҳ" бори нахуст Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад
14:39 05.06.2022 (Навсозишуда: 16:39 06.06.2022) Дар фестивал, аз ҷумла намоишгоҳи мардумӣ ва эҷодкорӣ, таомҳои миллӣ, намоиши либос, барномаи консертӣ ва дигар намоишҳо сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Душанбе бори нахуст дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Наврӯзгоҳ" Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора оҷонсии "Ховар" иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур рӯзи 6 июн баргузор мешавад. Фестивали об аз барномаи васеъ, аз ҷумла намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодкорӣ, таомҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ, барномаи консертӣ ва дигар намоишҳо иборат аст.
Гуфта мешавад, барои ширкат дар Конфронси обии шаҳри Душанбе ҳудуди 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" таҳти унвони "Фаъолгардонии амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ" баргузор мегардад.
Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028", ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд.
Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.