https://sputnik.tj/20220604/rusiya-havopaymo-ukrain-sarnagun-1048943589.html
Нерӯҳои ҳавоии Русия як ҳавопаймои украиниро сарнагун карданд
Нерӯҳои ҳавоии Русия як ҳавопаймои украиниро сарнагун карданд
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои дифои ҳавоии Федератсияи Русия як ҳавопаймои низомии нақлиётии Украинаро, ки силоҳу муҳимот мебурд, дар наздикии Одесса нобуд карданд
2022-06-04T20:24+0500
2022-06-04T20:24+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
дар русия
қувваҳои мусаллаҳ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/16/1039651518_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_203724ac8ca08236ebb80c78d3782c20.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Системаҳои дифои ҳавоии Федератсияи Русия як ҳавопаймои низомии Украинаро сарнагун карданд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков хабар дод. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ интиқол медод. Инчунин дар давоми рӯз 17 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуд. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз аз ин, дар як рӯз дар маҳаллаҳои аҳолинишини вилоятҳои Харков ва Николаев 17 ҳавопаймои бидуни сарнишин нобуд карда шуданд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи Николайев Каменка ду ҳавопаймои бесарнишини Байрактар ТБ2 нобуд карда шуданд. Ҳамчунин қаблан хабар дода шуд, ки рӯзи 1 июн як "Байрактар" дар болои Херсон сарнагун карда шудааст. Муовини раиси ҳукумати вилоят Кирилл Стремусов таъкид кард, ки ҷониби Украина ба истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин идома дода, ба ин васила ба мардуми осоишта дар вилояти Херсон зарба мезанад. Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид."Силоҳи махфӣ"-и Русия низомиёни Украинаро ба даҳшат овардБа гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
https://sputnik.tj/20220604/faronsavi-zelenskiy-zindon-1048936064.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/16/1039651518_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_9d8e279a53acb691173b84faa1da8b55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, сарнагун, ҳавопаймо
русия, украина, сарнагун, ҳавопаймо
Нерӯҳои ҳавоии Русия як ҳавопаймои украиниро сарнагун карданд
20:24 04.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Нерӯҳои дифои ҳавоии Федератсияи Русия як ҳавопаймои низомии нақлиётии Украинаро, ки силоҳу муҳимот мебурд, дар наздикии Одесса нобуд карданд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Системаҳои дифои ҳавоии Федератсияи Русия як ҳавопаймои низомии Украинаро сарнагун карданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ интиқол медод. Инчунин дар давоми рӯз 17 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуд.
"Нерӯҳои Русия дар вилояти Одесса як ҳавопаймои авиатсияи ҳарбии Нерӯҳои ҳавоии Украинаро, ки силоҳу муҳимоти ҷангӣ интиқол медод, сарнагун карданд", — гуфт намояндаи вазорати дифои Русия.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз аз ин, дар як рӯз дар маҳаллаҳои аҳолинишини вилоятҳои Харков ва Николаев 17 ҳавопаймои бидуни сарнишин нобуд карда шуданд.
Аз ҷумла, дар маҳаллаи Николайев Каменка ду ҳавопаймои бесарнишини Байрактар ТБ2 нобуд карда шуданд.
Ҳамчунин қаблан хабар дода шуд, ки рӯзи 1 июн як "Байрактар" дар болои Херсон сарнагун карда шудааст.
Муовини раиси ҳукумати вилоят Кирилл Стремусов таъкид кард, ки ҷониби Украина ба истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин идома дода, ба ин васила ба мардуми осоишта дар вилояти Херсон зарба мезанад.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.