Фаронсавиҳо мехоҳанд, Зеленский абадан равонаи зиндон шавад

© Пресс-служба президента УкраиныПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Обуна шудан
Хонандагони маҷаллаи "Le Figaro" барои президенти Украина Зеленский ҳабси абад талаб карданд. Онҳо ӯро дар куштори бераҳмонаи мардуми Донбасс айбор медонанд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Хонандагони маҷаллаи фаронсавии "Le Figaro" талаб карданд, ки Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, барои ҷиноят алайҳи мардуми осоишта дар Донбасс муҷозот шавад.
Аксари корбарон дар шарҳҳои мақола дар бораи интиқоли системаҳои мушакии Амрико ба Киев низ гуфтаанд, ки дар муноқишаи кунунӣ маҳз Ғарб гунаҳкор аст.
"Зеленский танҳо ду роҳ дорад: ҳабси якумрӣ ё маҳви ҷисмонӣ ва ниҳоӣ. Инро на ман мегӯям, балки ҳама (100%) украиниҳо ва русҳое ҳастанд, ки бо онҳо дар бораи муноқиша гуфтугӯ карда будам. Ва ман ба онҳо эътимод дорам", - навиштааст яке аз корбарон.
"Бовар накунед, ки Зеленский, дар танҳоӣ " қассоби Украина" ҳаст. Ӯ як артиши комили қотилон дорад, аз ҷумла баталиони "Азов", ки дар Донбасс ҷиноят содир кардааст", - навиштааст шореҳи дигар.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
"Асрор"-и Зеленский Иёлоти Муттаҳидаро ба хашм овард
"Дар ҳамин ҳол, Украина бо бепарвоии ҷинояткоронаи Ғарб ҳамарӯза манотиқи осоиштаи Донбассро бомбаборон мекунад, занону кӯдаконро мекушанд. На як мақола, на аксе дар ин мавзӯъ, ҳатто як калима ҳам нест. Хушбахтона, шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд. ...Ва ин аслиҳаи амрикоӣ боз ҳам бештари ғайринизомиёнро мекушанд, зеро зоҳиран ин як тактикаи нави режими Зеленский аст: куштан барои интиқом”, - навиштааст Adama21.
"Байден як фармондеҳи офатҳои табиӣ аст, ки танҳо дар бораи манфиатҳои Амрико фикр мекунад", - мегӯяд Клаудеякем.
Макрон гуфт, Русияро набояд таҳқир кард ва шарҳ дод, ки чаро
"Президент Владимир Путин ва Русия ба тамоми ҷаҳон дарси муборизаро бо онҳое, ки ба шумо таҳдид мекунанд, таълим медиҳад", - хулоса карданд шореҳон.
Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс, Вашингтон ва муттаҳидони НАТО ба интиқоли силоҳ ба Украина идома медиҳанд.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки интиқоли силоҳи ғарбӣ танҳо муноқишаро дароз мекунад. Маҷмӯи нави кумаки низомии ИМА чаҳор системаи муосири мушакии чандкаратаи HIMARS-ро дар бар мегирад, ки қодир аст дар масофаи то 80 километр зарба занад.
Зеленский гуфт, Украина ҳар рӯз чанд сарбозашро талаф медиҳад
Владимир Зеленский қаблан ваъда дода буд, ки аз ин системаҳо барои зарба задан ба қаламрави Русия истифода нахоҳанд кард. Аммо, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ёдовар шуд, ки Маскав ба ҷониби Украина эътимод надорад, зеро созишномаҳои Минск низ бо айби Киев аз фаъолият монданд.
Лентаи хабарҳо
0