https://sputnik.tj/20220604/qirghiziston-khostor-hall-marz-tojikiston-1048938511.html
Қирғизистон хостори ҳалли мусолиматомези баҳси марзӣ бо Тоҷикистон шуд
Қирғизистон хостори ҳалли мусолиматомези баҳси марзӣ бо Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки мушкилот дар марз бо Тоҷикистон бояд бо роҳи осоишта ҳаллли худро ёбад
2022-06-04T17:00+0500
2022-06-04T17:00+0500
2022-06-04T17:07+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_130:24:1000:513_1920x0_80_0_0_7ca157bb59ba1a744dd95308a43e6b25.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хостори ҳалли ҳама мушкилот дар марз бо Тоҷикистон бо роҳи осоишта, сиёсӣ ва дипломатӣ шуд, хабар додааст дафтари матбуоти ин ниҳод ба РИА "Новости".Тибқи изҳороти намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Авазбек Атахонов гуфта мешавад, ки "ин ниҳод аз мавқеъи бетағйир дар мавриди зарурати риояи тавофуқҳои ҳосилшуда ва фароҳам наовардани шароите, ки метавонад боиси ташаннуҷи вазъ дар манотиқи наздимарзӣ гардад, баромад мекунад.Ба гуфтаи Атахонов, ҳама мушкилот бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шаванд.Ба гуфтаи Атахонов, "барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин вазъ тарафҳо бояд мутақобилан барои эҷоди фазои созанда дар ҳалли масоили марзӣ талош кунанд, то дар оянда сенарияҳои мухталифи даргириҳо, ки метавонанд боиси ҳалокати шаҳрвандон, хизматчиёни ҳарбии хар ду тараф ва ба ҳам задани муносибатҳои чандинасраи неки ҳамсоягиро нагардад.Рӯзи ҷумъаи гузашта марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон дар марз вориди задухӯрд шуданд, ки беш аз ду соат идома кард. Ба гуфтаи ҷониби Қирғизистон, сабаби убури ғайриқонунии марз аз ҷониби марзбонони тоҷик будааст. Дар натиҷаи даргирӣ ду марзбони қирғиз ҷароҳат бардошта, вазъи онҳо вазнин аст. Дар бораи қурбониёни ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон маълумоте нест.Ёдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух дод, ки тақрибан ду соат идома кард.Дар натиҷа 2 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва як сарбоз аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ гардиданд.Сокинони ҷамоати Ворух мегӯянд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии рустои Офтобрӯй оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, сабаби муноқиша убури ғайриқонунии марзбонони қирғиз аз қаламрави Тоҷикистон будааст.Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, иллати муноқиша убури ғайриқонунии марз аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қаламрави Булоқ-Бошии ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд будааст.Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМаврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегардад, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
https://sputnik.tj/20220604/dushanbe-bishkek-kumak-namekhohand-1048926826.html
https://sputnik.tj/20220603/muzokirot-tojikiston-qirghiziston-marz-1048922990.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_357:35:1000:517_1920x0_80_0_0_d1d9391cad5126fac978b7cac7af26b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон баҳс марз тоҷикистон
қирғизистон баҳс марз тоҷикистон
Қирғизистон хостори ҳалли мусолиматомези баҳси марзӣ бо Тоҷикистон шуд
17:00 04.06.2022 (Навсозишуда: 17:07 04.06.2022) Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки мушкилот дар марз бо Тоҷикистон бояд бо роҳи осоишта ҳаллли худро ёбад
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хостори ҳалли ҳама мушкилот дар марз бо Тоҷикистон бо роҳи осоишта, сиёсӣ ва дипломатӣ шуд, хабар додааст дафтари матбуоти ин ниҳод ба РИА "Новости".
Тибқи изҳороти намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Авазбек Атахонов гуфта мешавад, ки "ин ниҳод аз мавқеъи бетағйир дар мавриди зарурати риояи тавофуқҳои ҳосилшуда ва фароҳам наовардани шароите, ки метавонад боиси ташаннуҷи вазъ дар манотиқи наздимарзӣ гардад, баромад мекунад.
Ба гуфтаи Атахонов, ҳама мушкилот бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шаванд.
"Ҳамаи мушкилоти мавҷуда бояд танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд", гуфт хадамоти матбуотӣ Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.
Ба гуфтаи Атахонов, "барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин вазъ тарафҳо бояд мутақобилан барои эҷоди фазои созанда дар ҳалли масоили марзӣ талош кунанд, то дар оянда сенарияҳои мухталифи даргириҳо, ки метавонанд боиси ҳалокати шаҳрвандон, хизматчиёни ҳарбии хар ду тараф ва ба ҳам задани муносибатҳои чандинасраи неки ҳамсоягиро нагардад.
Рӯзи ҷумъаи гузашта марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон дар марз вориди задухӯрд шуданд, ки беш аз ду соат идома кард. Ба гуфтаи ҷониби Қирғизистон, сабаби убури ғайриқонунии марз аз ҷониби марзбонони тоҷик будааст. Дар натиҷаи даргирӣ ду марзбони қирғиз ҷароҳат бардошта, вазъи онҳо вазнин аст. Дар бораи қурбониёни ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон маълумоте нест.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух дод, ки тақрибан ду соат идома кард.
Дар натиҷа 2 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва як сарбоз аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ гардиданд.
Сокинони ҷамоати Ворух мегӯянд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии рустои Офтобрӯй оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, сабаби муноқиша убури ғайриқонунии марзбонони қирғиз аз қаламрави Тоҷикистон будааст.
Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, иллати муноқиша убури ғайриқонунии марз аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қаламрави Булоқ-Бошии ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд будааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегардад, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.