https://sputnik.tj/20220603/muzokirot-tojikiston-qirghiziston-marz-1048922990.html
Музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз даргирӣ дар марз: тафсилот
Музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз даргирӣ дар марз: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Дарҳол пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, намояндагони хадамоти марзбонии ду кишвар сари мизи музокирот нишастанд
2022-06-03T19:32+0500
2022-06-03T19:32+0500
2022-06-05T19:38+0500
қирғизистон
дар тоҷикистон
музокирот
даргирӣ
марз
сарҳад
амнияти марзҳо
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Намояндагони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон музокироти дуҷониба анҷом доданд, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон. Дар мавзеи Торт-Кочо вохӯрии сардори бахши Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар вилояти Бодканд ва сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.Ҷонибҳо муноқишаи марзӣ бо истифода аз силоҳи оташфишонро, ки субҳи 3 июн рух дод ва дар натиҷаи он дастикам 3 нафар захмӣ шуданд, баррасӣ карданд. Ба гуфтаи як манбаи Sputnik Тоҷикистон, дар мақарри мақомоти қудратии Исфара, музокирот то ҳол идома дорад.Ба иттилои ин ниҳод, дар пайи мулоқот намояндагони хадамоти марзбонӣ ба мувофиқа расиданд, нерӯҳо ва воситаҳоеро, ки ба сифати нерӯи иловагӣ ба маҳалли ҳодиса омада буданд, ба нуқтаҳои истиқрори доимияшон ҳидоят намоянд. Илова бар ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки марзбонони ҳар ду ҷонибро иваз кунанд. Ғайр аз ин қарор шуд, ки иншооти муҳандисӣ барҳам дода шуда, фиристодани марзбонҳо ба баландиҳои муайяннашудаи марзӣ манъ шавад. Гуфта мешавад, ки дар музокирот ҳамчунин сарони посгоҳҳои марзӣ ширкат доштанд. Онҳо инчунин зарурати иҷрои созишҳои ҳосилгардида, роҳ надодан ба ҷанҷол ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал кардани ҳамаи масъалаҳоро тасдиқ карданд. Тавофуқ ҳосил шуд, ки хуруҷи нерӯҳои изофӣ аз хатти марзи давлатӣ таҳти назорати сарони посгоҳҳои марзии ду кишвар сурат гирад. Ҳоло вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором буда, нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад. Тирпарронӣ дар Ворух: шарҳи сокинон ва мақомотЁдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух дод, ки тақрибан ду соат идома кард. Дар натиҷа 2 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва як сарбоз аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ гардиданд.Сокинони ҷамоати Ворух мегӯянд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии рустои Офтобрӯй оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, сабаби муноқиша убури ғайриқонунии марзбонони қирғиз аз қаламрави Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, иллати муноқиша убури ғайриқонунии марз аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қаламрави Булоқ-Бошии ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд будааст. Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМаврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегардад, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
https://sputnik.tj/20220603/korshinos-dargiri-marz-tojikistonu-qirghiziston-1048912974.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, даргирӣ дар марз, тирпарронӣ
тоҷикистон, қирғизистон, даргирӣ дар марз, тирпарронӣ
Музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз даргирӣ дар марз: тафсилот
19:32 03.06.2022 (Навсозишуда: 19:38 05.06.2022) Дарҳол пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, намояндагони хадамоти марзбонии ду кишвар сари мизи музокирот нишастанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Намояндагони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон музокироти дуҷониба анҷом доданд, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Дар мавзеи Торт-Кочо вохӯрии сардори бахши Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар вилояти Бодканд ва сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Ҷонибҳо муноқишаи марзӣ бо истифода аз силоҳи оташфишонро, ки субҳи 3 июн рух дод ва дар натиҷаи он дастикам 3 нафар захмӣ шуданд, баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи як манбаи
Sputnik Тоҷикистон, дар мақарри мақомоти қудратии Исфара, музокирот то ҳол идома дорад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар пайи мулоқот намояндагони хадамоти марзбонӣ ба мувофиқа расиданд, нерӯҳо ва воситаҳоеро, ки ба сифати нерӯи иловагӣ ба маҳалли ҳодиса омада буданд, ба нуқтаҳои истиқрори доимияшон ҳидоят намоянд.
Илова бар ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки марзбонони ҳар ду ҷонибро иваз кунанд.
Ғайр аз ин қарор шуд, ки иншооти муҳандисӣ барҳам дода шуда, фиристодани марзбонҳо ба баландиҳои муайяннашудаи марзӣ манъ шавад.
Гуфта мешавад, ки дар музокирот ҳамчунин сарони посгоҳҳои марзӣ ширкат доштанд.
Онҳо инчунин зарурати иҷрои созишҳои ҳосилгардида, роҳ надодан ба ҷанҷол ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал кардани ҳамаи масъалаҳоро тасдиқ карданд.
Тавофуқ ҳосил шуд, ки хуруҷи нерӯҳои изофӣ аз хатти марзи давлатӣ таҳти назорати сарони посгоҳҳои марзии ду кишвар сурат гирад.
Ҳоло вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором буда, нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух дод, ки тақрибан ду соат идома кард.
Дар натиҷа 2 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва як сарбоз аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ гардиданд.
Сокинони ҷамоати Ворух мегӯянд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии рустои Офтобрӯй оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, сабаби муноқиша убури ғайриқонунии марзбонони қирғиз аз қаламрави Тоҷикистон будааст.
Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, иллати муноқиша убури ғайриқонунии марз аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қаламрави Булоқ-Бошии ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд будааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегардад, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.