https://sputnik.tj/20220604/medvedev-tahrimot-rusiya-1048937948.html
Вокуниши Медведев ба ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи наздикони мақомдорони Русия
Вокуниши Медведев ба ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи наздикони мақомдорони Русия
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия таҳримот алайҳи узви хонаводаҳои мансабдорони Русияро як қонуншикании дукарата номид
2022-06-04T18:10+0500
2022-06-04T18:10+0500
2022-06-06T18:53+0500
вокуниш
тамдиди таҳримот
дар русия
дмитрий медведев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047691267_0:0:2719:1529_1920x0_80_0_0_1a806672c020abd98a80f362753de4f5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев таҳримот алайҳи аъзои хонаводаи мансабдорони Русияро як қонуншикании дукарата номид ва онро бо таҷрибаҳои гузашта муқоиса кард. Иттиҳодияи Аврупо дар маҷаллаи расмӣ бастаи шашуми таҳримҳои зидди Русияро нашр кард, ба феҳристи таҳримҳои шахсӣ, аз ҷумла, ҳамсари котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков Татяна Навка ва ҳамчунин писару духтараш шомиланд. Дар шабакаи Telegram, Медведев ёдовар шуд, ки дар қонун мафҳуми "айбдоркунии объективӣ" вуҷуд дорад, вақте ки масъулият бидуни муайян кардани гуноҳ ба миён меояд. "Масалан таҳримотро бигирем. Қонуншикании дукарата. Ҳоло аз рӯи модели онҳо на танҳо иштирокчиёни рӯйдодҳои сиёсӣ - арбобони давлатӣ ё вакилон, балки оилаҳои онҳо, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба хешовандонашон таъсир расонида наметавонанд, барои қонуншикании афсонавӣ масъуланд", - навиштааст ӯ. "Вақте қонунгузорони аврупоӣ ва амрикоӣ тасмим гирифтанд, пас хонавода ҷавоб хоҳад дод. Ба таври комил ва бегуноҳ. Ва биёед, ҳисобҳои аъзои хонавода, амволи онҳоро масдуд кунем, нагузоред, ки онҳо аз марз ба арзишҳои ғарбӣ даст ёбанд!" — гуфт Медведев. Медведев: Ҳеҷ як аз мақомдори Русия дар хориҷ амвол надорандПештар Медведев гуфта буд, ки тасмимҳо дар бораи таҳримҳои зидди Русия бар нафрат ба Русия ва русҳо асос ёфтаанд, ки нафратовар ва ғайримантиқӣ аст.Вай иқрор кард, ки намояндагони тиҷорати бузурги Русия ба далели таҳримҳо "аз нигоҳи маблағ хисороти зиёд диданд", "молу мулки хориҷиро аз даст доданд"."Аммо росташро гӯем - барои онҳо ин мусодираҳо аслан марговар нест. Ба ҳар ҳол зиндагӣ хоҳанд кард. Дар Русия чизҳои зиёде боқӣ мондаанд. Ин барои онҳо ва авлоди онҳо басанда аст", - гуфт муовини раиси Шӯрои амният.
https://sputnik.tj/20220603/medvedev-ziddirusi-gharb-1048925054.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047691267_0:0:2719:2039_1920x0_80_0_0_f9799be2aad4210234cfc4dbb68d7796.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медведев, таҳримоти нав, вокуниш
медведев, таҳримоти нав, вокуниш
Вокуниши Медведев ба ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи наздикони мақомдорони Русия
18:10 04.06.2022 (Навсозишуда: 18:53 06.06.2022) Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия таҳрими узви хонаводаҳои мансабдорони Русияро як қонуншикании дукарата номид
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев таҳримот алайҳи аъзои хонаводаи мансабдорони Русияро як қонуншикании дукарата номид ва онро бо таҷрибаҳои гузашта муқоиса кард.
Иттиҳодияи Аврупо дар маҷаллаи расмӣ бастаи шашуми таҳримҳои зидди Русияро нашр кард, ба феҳристи таҳримҳои шахсӣ, аз ҷумла, ҳамсари котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков Татяна Навка ва ҳамчунин писару духтараш шомиланд.
Дар шабакаи Telegram, Медведев ёдовар шуд, ки дар қонун мафҳуми "айбдоркунии объективӣ" вуҷуд дорад, вақте ки масъулият бидуни муайян кардани гуноҳ ба миён меояд.
"Масалан таҳримотро бигирем. Қонуншикании дукарата. Ҳоло аз рӯи модели онҳо на танҳо иштирокчиёни рӯйдодҳои сиёсӣ - арбобони давлатӣ ё вакилон, балки оилаҳои онҳо, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба хешовандонашон таъсир расонида наметавонанд, барои қонуншикании афсонавӣ масъуланд", - навиштааст ӯ.
"Вақте қонунгузорони аврупоӣ ва амрикоӣ тасмим гирифтанд, пас хонавода ҷавоб хоҳад дод. Ба таври комил ва бегуноҳ. Ва биёед, ҳисобҳои аъзои хонавода, амволи онҳоро масдуд кунем, нагузоред, ки онҳо аз марз ба арзишҳои ғарбӣ даст ёбанд!" — гуфт Медведев.
Пештар Медведев гуфта буд, ки тасмимҳо дар бораи таҳримҳои зидди Русия бар нафрат ба Русия ва русҳо асос ёфтаанд, ки нафратовар ва ғайримантиқӣ аст.
Вай иқрор кард, ки намояндагони тиҷорати бузурги Русия ба далели таҳримҳо "аз нигоҳи маблағ хисороти зиёд диданд", "молу мулки хориҷиро аз даст доданд".
"Аммо росташро гӯем - барои онҳо ин мусодираҳо аслан марговар нест. Ба ҳар ҳол зиндагӣ хоҳанд кард. Дар Русия чизҳои зиёде боқӣ мондаанд. Ин барои онҳо ва авлоди онҳо басанда аст", - гуфт муовини раиси Шӯрои амният.