https://sputnik.tj/20220603/medvedev-ziddirusi-gharb-1048925054.html
Медведев ҳадафҳои сиёсати зиддирусии Ғарбро ошкор кард
Медведев ҳадафҳои сиёсати зиддирусии Ғарбро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Ғарб мехоҳад ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои дигарро бибандад, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия. Ба қавли ӯ ин орзуяш амалӣ шуданӣ нест
2022-06-03T21:32+0500
2022-06-03T21:32+0500
2023-10-02T17:11+0500
дмитрий медведев
дар русия
сиёсат
ғарб
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043199380_0:0:3047:1714_1920x0_80_0_0_f5b2e630aec8afb6d821fb463d8eb5b2.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ҳадаф аз сиёсати душманонаи кишварҳои ғарбӣ дар инзивоъ қарор додани Русия ва барҳам задани иқтисоди он аст, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев.Дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" Медведев гуфтааст, ки нақшаҳои Ғарб ошкоранд, аммо амалӣ нахоҳанд шуд.Ёдовар мешавем, ки Русия охири моҳи феврал амалиёти вижаи низомиро барои ҳифзи сокинони Донбасс оғоз кард. Аз замони оғози амалиёти вижа то кунун Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ бастаи бузурги таҳримҳоро алайҳи Русия вазъ карданд. Ин таҳримот боиси якбора боло рафтани қимати энержӣ, маводи ғизоӣ ва дигар колоҳо дар Аврупо ва ИМА шуд.Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи ин амалиётро ҳимояи сокинони Ҷумҳурии мардумии Луганск ва Ҷумҳурии Мардумии Донетск номид, ки ҳашт сол боз зери фишори режими Киев қарор доранд.Медведев: Ҳеҷ як аз мақомдори Русия дар хориҷ амвол надорандБа гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
https://sputnik.tj/20220603/qodirov-amaliyot-ukraina-1048917079.html
ғарб
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043199380_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_e0da0b91905736fa8977894300b507c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дмитрий медведев, ғарб, русия, украина,
дмитрий медведев, ғарб, русия, украина,
Медведев ҳадафҳои сиёсати зиддирусии Ғарбро ошкор кард
21:32 03.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Ғарб мехоҳад ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои дигарро қатъ кунад, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия. Ба қавли ӯ, ин орзуи Ғарб амалӣ шуданӣ нест
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ҳадаф аз сиёсати душманонаи кишварҳои ғарбӣ дар инзивоъ қарор додани Русия ва барҳам задани иқтисоди он аст, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев.
Дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" Медведев гуфтааст, ки нақшаҳои Ғарб ошкоранд, аммо амалӣ нахоҳанд шуд.
"Сиёсати душманонаи кишварҳои ғарбӣ нисбат ба кишвари мо ҳадафҳои возеҳ дорад - инзивои Русия, бастани ҳама гуна каналҳои ҳамкориҳои он бо дигар давлатҳо, моро ба суқути иқтисодӣ бурдан", - навиштааст РИА "Новости" аз қавли Медведев.
Ёдовар мешавем, ки Русия охири моҳи феврал амалиёти вижаи низомиро барои ҳифзи сокинони Донбасс оғоз кард.
Аз замони оғози амалиёти вижа то кунун Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ бастаи бузурги таҳримҳоро алайҳи Русия вазъ карданд.
Ин таҳримот боиси якбора боло рафтани қимати энержӣ, маводи ғизоӣ ва дигар колоҳо дар Аврупо ва ИМА шуд.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи ин амалиётро ҳимояи сокинони Ҷумҳурии мардумии Луганск ва Ҷумҳурии Мардумии Донетск номид, ки ҳашт сол боз зери фишори режими Киев қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.