Макрон гуфт, Русияро набояд таҳқир кард ва шарҳ дод, ки чаро

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Фаронса мегӯяд, Русияро таҳқир кардан мумкин нест, зеро рӯзе фаро мерасад, ки ҳамкориҳо бояд аз сар гирифта шаванд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Эммануэл Макрон, президенти Фаронса дар мусоҳиба бо рӯзномаи Ouest France гуфт, ки мухолифи таҳқири Русия аст, зеро рӯзе фаро мерасад, ки ҳамкориҳо бо ин давлат бояд аз сар гирифта шаванд.
"Русияро таҳқир кардан мумкин нест, зеро рӯзе мерасад амалиёти ҷангӣ қатъ мешавад, мо бояд роҳи раҳоӣ аз бӯҳронро тавассути дипломатия кушоем", - гуфт Макрон.
Раҳбари Фаронса афзуд, ки далели музокира бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро пинҳон накардааст ва бо дархости раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо ӯ тамос дорад.
Ба гуфтаи раҳбари Фаронса, кишвараш бояд нақши миёнаравро иҷро кунад.
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Суҳбати Путин бо Макрон ва Шолтс: ҷузъиёти музокирот
Ӯ эътироф кард, ки тайи шаш моҳи ахир сиёсатмадорон 100 соат бо телефон суҳбат кардаанд.
Оғози амалиёти вижа дар Донбасс аз сӯйи раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 24 феврал, чанд рӯз баъд аз эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск эълом шуд.
Сарвари давлати Русия аҳдофи амалиёти вижаро "ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз зери наслкушӣ аз сӯйи режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия итминон дод, ки онҳо танҳо ба инфрасохтори низомии Украина ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд.
Лентаи хабарҳо
0