https://sputnik.tj/20220528/suhbat-putin-makron-sholts-1048773597.html
Суҳбати Путин бо Макрон ва Шолтс: ҷузъиёти музокирот
Суҳбати Путин бо Макрон ва Шолтс: ҷузъиёти музокирот
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия дар як суҳбати телефонӣ бо президенти Фаронса ва садри аъзами Олмон як қатор масъалаҳои муҳимро баррасӣ карданд: тафсилот дар маводи зер
2022-05-28T20:50+0500
2022-05-28T20:50+0500
2022-05-30T13:19+0500
дар русия
владимир путин
олаф шолтс
эммануэл макрон
олмон
итолиё
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102394/42/1023944290_0:0:3100:1745_1920x0_80_0_0_cba279422fe4f455ac5f8f797c45ded5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Суҳбати телефонии раҳбарони се давлат барои баррасии ҷанбаҳои мубрами вазъ дар Украина сурат гирифт, хабар медиҳад Кремл. Раҳбари Русия дар бораи рушди ҳодисаҳои амалиёти вижаи идомадошта муфассал маълумот дода, қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Русия меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро қатъиян риоя мекунанд. Путин дар бораи ташкили кори муназзам барои истиқрори зиндагии осоишта дар Мариупол ва дигар шаҳрҳои озодшудаи Донбасс сухан гуфт. Дар суҳбат ҳамчунин ба вазъи раванди музокирот, ки бо айби Киев қатъ шуда буд, таваҷҷуҳ карданд. Президент тасдиқ кард, ки Русия барои азсаргирии муколама боз аст. Вай ҳамчунин ба масъалаи "хавфнок будани идомаи интиқоли силоҳҳои ғарбӣ ба Украина" ва хатарҳои марбут ба ноором кардани вазъ ва ташдиди буҳрони башардӯстона таваҷҷуҳ кардааст. Дар бораи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ суханронӣ карда, Путин воқеан сабабҳои мушаххаси мушкилот дар таъмини ғизоро бар асари "сиёсати нодурусти иқтисодӣ ва молии кишварҳои ғарбӣ ва ҳамчунин таҳримҳои зидди Русия" шарҳ дод.Тамоси Макрону Путин - умеди охирини Аврупо"Русия омода аст, дар ҷустуҷӯи имконоти содироти бидуни монеаи ғалла, аз ҷумла содироти ғаллаи Украина аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ саҳм гузорад. Афзоиши интиқоли нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кишоварзии Русия низ ба коҳиши ташаннуҷ дар бозори ҷаҳонии озуқа мусоидат хоҳад кард, ки ин албатта, лағви маҳдудиятҳои дахлдори таҳримиро тақозо мекунад", - қайд кард президенти Русия. Роҳбарони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳоро идома диҳанд.
https://sputnik.tj/20220423/sholts-sliha-ukraina-bas-1047896751.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102394/42/1023944290_369:0:3100:2048_1920x0_80_0_0_62adf320f993a46e3fdb405e4927db04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музокирот, путин, макрон, шолтс
музокирот, путин, макрон, шолтс
Суҳбати Путин бо Макрон ва Шолтс: ҷузъиёти музокирот
20:50 28.05.2022 (Навсозишуда: 13:19 30.05.2022) Президенти Русия дар як суҳбати телефонӣ бо президенти Фаронса ва садри аъзами Олмон як қатор масъалаҳои муҳимро баррасӣ карданд: тафсилот дар хабари зерин
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Суҳбати телефонии раҳбарони се давлат барои баррасии ҷанбаҳои мубрами вазъ дар Украина сурат гирифт, хабар медиҳад Кремл.
Раҳбари Русия дар бораи рушди ҳодисаҳои амалиёти вижаи идомадошта муфассал маълумот дода, қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Русия меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро қатъиян риоя мекунанд.
Путин дар бораи ташкили кори муназзам барои истиқрори зиндагии осоишта дар Мариупол ва дигар шаҳрҳои озодшудаи Донбасс сухан гуфт.
Дар суҳбат ҳамчунин ба вазъи раванди музокирот, ки бо айби Киев қатъ шуда буд, таваҷҷуҳ карданд.
Президент тасдиқ кард, ки Русия барои азсаргирии муколама боз аст.
Вай ҳамчунин ба масъалаи "хавфнок будани идомаи интиқоли силоҳҳои ғарбӣ ба Украина" ва хатарҳои марбут ба ноором кардани вазъ ва ташдиди буҳрони башардӯстона таваҷҷуҳ кардааст.
Дар бораи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ суханронӣ карда, Путин воқеан сабабҳои мушаххаси мушкилот дар таъмини ғизоро бар асари "сиёсати нодурусти иқтисодӣ ва молии кишварҳои ғарбӣ ва ҳамчунин таҳримҳои зидди Русия" шарҳ дод.
"Русия омода аст, дар ҷустуҷӯи имконоти содироти бидуни монеаи ғалла, аз ҷумла содироти ғаллаи Украина аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ саҳм гузорад. Афзоиши интиқоли нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кишоварзии Русия низ ба коҳиши ташаннуҷ дар бозори ҷаҳонии озуқа мусоидат хоҳад кард, ки ин албатта, лағви маҳдудиятҳои дахлдори таҳримиро тақозо мекунад", - қайд кард президенти Русия.
Роҳбарони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳоро идома диҳанд.