Ҷобаҷоии нерӯҳои толибон барои саркӯби роҳпаймоии мардум дар чандин рустои Панҷшер

© AFP 2023 / Mohd Rasfan / Wakil KohsarКоллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Обуна шудан
Толибон бо ҷобаҷоии садҳо нерӯи сурхи худ дар чандин рустои Панҷшер монеи баргузории роҳпаймоии мардуми ин вилоят шуданд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, ахиран мардуми рустои Милсипоҳ мехостанд дар иртибот ба қатли Абдул Мунир Аминӣ, ки толибон шиканҷа карданду сипас куштандаш, эътироз намоянд. Аммо толибон бо ҳузури шадиди низомӣ дар рустоҳои Милсипоҳ ва Саричоҳ аз ин раҳпаймоӣ пешгирӣ карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба рӯзномаи "8 субҳи Кобул".
Руҳуллоҳ Шоҳ Маланг, муовини волии толибон дар вилояти Панҷшер ба мардум гуфтааст: “Гирдиҳамоӣ накунанд, мо садои шуморо шунидем ва нигарониҳои шуморо ба кумитаи низомӣ мерасонем, зеро қудрати аслӣ дар дасти ин кумита аст”.
“Шумо навор бигиред ва ба расонаҳо бифиристед, шояд расонаҳо ба додатон расанд”, - гуфт ӯ бо забони таъанаомез.
Абдул Мунир Амини ахиран ҳангоми кӯшиши убури заминҳои худ дар рустои кӯҳистонии Милсипоҳ аз сӯи толибон боздошт ва латукӯб шуд. Ӯ бар асари шиканҷаи нерӯҳои толибон фавтид ва толибон ҷасади ӯро дар назди манзилаш дар деҳаи Милсипоҳ гузоштанд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Ҷабҳаи муқовимат: Толибон талофии шикасташонро дар Панҷшер аз ғайринизомиён мегиранд
Абдул Мунир Аминӣ ҳафт фарзанд дорад. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ ягона ноновари хонавода буд.
Дар вақтҳои охир дар Панҷшер, Андроб Бағлон ва бархе дигар вилоятҳо шиканҷа ва куштори мардуми осоишта аз ҷониби ҷангҷӯёни толибон афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0