https://sputnik.tj/20220601/asror--zelenskiy-ima-khashm-1048850475.html
"Асрор"-и Зеленский Иёлоти Муттаҳидаро ба хашм овард
"Асрор"-и Зеленский Иёлоти Муттаҳидаро ба хашм овард
Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони маҷаллаи бонуфузи The American Conservative мақоларо дар бораи президенти Украина Владимир Зеленский фаъолона муҳокима мекунанд
2022-06-01T14:50+0500
2022-06-01T14:50+0500
2022-06-01T17:53+0500
украина
владимир зеленский
има
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048520037_0:421:2852:2025_1920x0_80_0_0_bc14efdfe5a44f4e4585e43dcb1363ae.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Амрикоиҳо ба мақолае дар маҷаллаи "The American Conservative" дар бораи президенти Украина Владимир Зеленский вокуниши шадид нишон доданд. Муаллифи нашрия Род Дрейер нуқтаи назари бисёре аз расонаҳои ғарбиро, ки сарвари ин давлатро қаҳрамон мехонанд, рад кардааст. Ба назари ӯ, Зеленский аз Петр Порошенко, раҳбари пешини Украина беҳтар нест. Сиёсатмадор "дар ҳолати хашми мардум алайҳи элита, ки сарватро тавассути ҳисобҳои махфӣ ба хориҷа содир мекард", мақоми президентӣ гирифт. Бо вуҷуди ин Зеленский ва атрофиёни ӯ шабакаи хусусии ширкатҳои оффшорӣ доранд, таъкид кард Дрейер. Мақолаи рӯзноманигори "The American Conservative" вокуниши хонандагонро ба бор овард. Дар шарҳҳо онҳо ба танқиди раисҷумҳури Украина шуруъ карданд. Ба назари ӯ, сарвари давлат ҳунармандест, ки навиштаҳои тайёрро мехонад."Дар мавриди фасоди Украина ман итминон дорам, ки кланҳои Керри ва Байден пас аз табаддулоти соли 2014 ба он даст дароз кардаанд", - афзуд ӯ.Бо вуҷуди ин олигархҳои Аврупои Шарқӣ наметавонанд бо сарватмандони амрикоӣ муқоиса карда шаванд, мегӯянд шореҳон. Ёдовар мешавем, ки ахиран Додгоҳи конститутсионии Украина меъёрҳои қонунгузории зидди фасодро лағв кард. Ин моддае буд, ки ҷавобгарӣ барои эъломияи бардурӯғро пешбинӣ мекард.Зеленский гуфт, Украина ҳар рӯз чанд сарбозашро талаф медиҳад Баъдтар ҷазо баргардонида шуд, аммо дар шакли ҷарима. Зеленский низ дар фасод гумонбар дониста мешуд. Тибқи иттилои Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорон, дар соли 2012 ин сиёсатмадор як шабакаи ширкатҳоро дар минтақаҳои оффшорӣ (ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё, Белиз ва Кипр) сабти ном кардааст, ки тавассути онҳо амволи ғайриманқул дар Лондон ба даст оварда шудааст.Путину Эрдуғон аз амалиёт дар Украина ва роҳҳали он гуфтандАз он ҷо пули "Приватбанк", олигарх Игор Коломойский шустушӯ шуд. Ҳамзамон маълумоти зикршуда ба даврае дахл дошт, ки Зеленский ҳанӯз президенти кишвар набуд.
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048520037_74:0:2803:2047_1920x0_80_0_0_0e61bf0a20917a4f62e51ca752cb7913.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский, има, хашмгин, украина, сиёсат
зеленский, има, хашмгин, украина, сиёсат
"Асрор"-и Зеленский Иёлоти Муттаҳидаро ба хашм овард
14:50 01.06.2022 (Навсозишуда: 17:53 01.06.2022) Хонандагони маҷаллаи бонуфузи "The American Conservative" мақолаеро дар бораи президенти Украина Владимир Зеленский фаъолона муҳокима мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Амрикоиҳо ба мақолае дар маҷаллаи "The American Conservative" дар бораи президенти Украина Владимир Зеленский вокуниши шадид нишон доданд.
Муаллифи нашрия Род Дрейер нуқтаи назари бисёре аз расонаҳои ғарбиро, ки сарвари ин давлатро қаҳрамон мехонанд, рад кардааст.
Ба назари ӯ, Зеленский аз Петр Порошенко, раҳбари пешини Украина беҳтар нест.
Сиёсатмадор "дар ҳолати хашми мардум алайҳи элита, ки сарватро тавассути ҳисобҳои махфӣ ба хориҷа содир мекард", мақоми президентӣ гирифт. Бо вуҷуди ин Зеленский ва атрофиёни ӯ шабакаи хусусии ширкатҳои оффшорӣ доранд, таъкид кард Дрейер.
Мақолаи рӯзноманигори "The American Conservative" вокуниши хонандагонро ба бор овард. Дар шарҳҳо онҳо ба танқиди раисҷумҳури Украина шуруъ карданд.
"Зеленский як қаллоб аст, ки зиндон барояш гиря мекунад. Ӯро бояд муҳокима кард",- навиштааст як хонанда.
Ба назари ӯ, сарвари давлат ҳунармандест, ки навиштаҳои тайёрро мехонад.
"Дар мавриди фасоди Украина ман итминон дорам, ки кланҳои Керри ва Байден пас аз табаддулоти соли 2014 ба он даст дароз кардаанд", - афзуд ӯ.
Бо вуҷуди ин олигархҳои Аврупои Шарқӣ наметавонанд бо сарватмандони амрикоӣ муқоиса карда шаванд, мегӯянд шореҳон.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Додгоҳи конститутсионии Украина меъёрҳои қонунгузории зидди фасодро лағв кард.
Ин моддае буд, ки ҷавобгарӣ барои эъломияи бардурӯғро пешбинӣ мекард.
Баъдтар ҷазо баргардонида шуд, аммо дар шакли ҷарима. Зеленский низ дар фасод гумонбар дониста мешуд.
Тибқи иттилои Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорон, дар соли 2012 ин сиёсатмадор як шабакаи ширкатҳоро дар минтақаҳои оффшорӣ (ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё, Белиз ва Кипр) сабти ном кардааст, ки тавассути онҳо амволи ғайриманқул дар Лондон ба даст оварда шудааст.
Аз он ҷо пули "Приватбанк", олигарх Игор Коломойский шустушӯ шуд. Ҳамзамон маълумоти зикршуда ба даврае дахл дошт, ки Зеленский ҳанӯз президенти кишвар набуд.