https://sputnik.tj/20220604/bemori-obilai-hamduna-28-kishvar-1048939738.html
Хуруҷи бемории обилаи ҳамдуна дар 28 кишвари дунё
Хуруҷи бемории обилаи ҳамдуна дар 28 кишвари дунё
Sputnik Тоҷикистон
Дар кишвари пешсаф вируси обилаи ҳамдуна дар бадани 207 нафар, дар ду кишвари дигари Аврупо 156 ва 138 нафар ба қайд гирифта шудааст
2022-06-04T18:46+0500
2022-06-04T18:46+0500
2022-06-04T18:46+0500
тандурустӣ
дар ҷаҳон
сироят
вируси нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/04/1048939527_0:53:3455:1996_1920x0_80_0_0_8eb67ba9d9b3c4ca3e05957c3daa146e.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Дар 28 кишвари ҷаҳон тақрибан 800 ҳолати сироятёбии одамон ба вируси обилаи ҳамдуна ба қайд гирифта шудааст. Аз ин, маълумоти Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ шаҳодат медиҳад.Дар торномаи ин ниҳод харитаи интерактивӣ гузошта шудааст, ки бар асоси маълумоти манобеъи расмӣ паҳншавии ин беморӣ дар саросари ҷаҳонро нишон медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар 28 кишвар 790 ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст. Пешсафон Бритониёи Кабир (207 бемор), Испания (156) ва Португалия (138) мебошанд. ИМА бо 20 бемор дар ҷои ҳаштум аст ва аз Канада, Олмон, Ҳолланд ва Фаронса пеш гузаштааст. Ёдрас мешавем, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) тавсия намедиҳад, ки бинобар хуруҷи обилаи ҳамдуна барои сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ сабт шудааст, маҳдудият ҷорӣ кунанд.Созмон тавсия дод, ки кишварҳо бояд ба паҳншавии обилаи ҳамдуна вокунишҳои оқилона ва мувофиқро кунанд ва пеш аз ҳама сухан дар бораи ҷустуҷӯи тамос бо шахсони сироятшуда ва инчунин ҷудокунии онҳо меравад.Русия омодааст, барои ташхиси обилаи ҳамдуна ба кишварҳои ИДМ асбоби озмоиш диҳадБемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.Обчакони ҳамдуна ба Тоҷикистон ҳам расид? Посухи Вазорати тандурустӣАломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
https://sputnik.tj/20220528/izhorot-rusiya-obila-maymun-1048764850.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/04/1048939527_362:0:3093:2048_1920x0_80_0_0_eee6801cc20aa3b2d294636fa4fde8d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
обилаи ҳамдуна, беморӣ, тандурустӣ, сироят
обилаи ҳамдуна, беморӣ, тандурустӣ, сироят
Хуруҷи бемории обилаи ҳамдуна дар 28 кишвари дунё
Дар кишвари пешсаф вируси обилаи ҳамдуна дар бадани 207 нафар, дар ду кишвари дигари Аврупо 156 ва 138 нафар ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Дар 28 кишвари ҷаҳон тақрибан 800 ҳолати сироятёбии одамон ба вируси обилаи ҳамдуна ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин, маълумоти Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ шаҳодат медиҳад.
Дар торномаи ин ниҳод харитаи интерактивӣ гузошта шудааст, ки бар асоси маълумоти манобеъи расмӣ паҳншавии ин беморӣ дар саросари ҷаҳонро нишон медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар 28 кишвар 790 ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст.
Пешсафон Бритониёи Кабир (207 бемор), Испания (156) ва Португалия (138) мебошанд.
ИМА бо 20 бемор дар ҷои ҳаштум аст ва аз Канада, Олмон, Ҳолланд ва Фаронса пеш гузаштааст.
Ёдрас мешавем, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) тавсия намедиҳад, ки бинобар хуруҷи обилаи ҳамдуна барои сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ сабт шудааст, маҳдудият ҷорӣ кунанд.
Созмон тавсия дод, ки кишварҳо бояд ба паҳншавии обилаи ҳамдуна вокунишҳои оқилона ва мувофиқро кунанд ва пеш аз ҳама сухан дар бораи ҷустуҷӯи тамос бо шахсони сироятшуда ва инчунин ҷудокунии онҳо меравад.
Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.