"Дар замини худ намеҷанганд". Назари сокинон дар бораи ҷанг барои Донбасс

© Sputnik / Ilia Pitalev / Гузариш ба медиабонкПожар в жилом доме в Киевском районе Донецка, разрушенном в результате обстрела
Пожар в жилом доме в Киевском районе Донецка, разрушенном в результате обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Ин шаҳр, ки дар марзи вилояти Луганск воқеъ шудааст, ба унвони муҳимтарин маконе барои таъмини гурӯҳи украинӣ дар Донбасс буд
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik, Виктор Звантсев. Ҳоло дар ин ҷо қӯшунҳои рус ва ҷанговарони артиши ҶМЛ мустақаранд. Бо вуҷуди ҷангҳои шадид на ҳамаи аҳолии осоишта кӯчонда шуданд.

Аҳамияти стратегӣ

Ин ҷо Мариуполро ба хотир меорад: скелетҳои сӯхтаи биноҳои баландошёна, бахши хусусӣ комилан хароб шуда, дар гумбази маъбад сӯрох, изи снаряд мавҷуд аст. Бо оғози ҷанг қариб ҳамаи аҳолии осоишта аз ин ҷо рафт. Дар баъзе хонаҳо артиши Украина нуқтаҳои оташфишонӣ ташкил кард.
Дар назди дарича патронҳои пароканда ба назар мерасанд, дар тирезаҳо китоб монда шудааст. Дар дарун либоси ҳарбии партофташуда, шишахои холии арақва дар саҳни ҳавлӣ, дар рӯйи курсӣ акси сиёҳу сафеде, ки ба гумони ғолиб, аз соҳибхона буд, аз тирборон “захм” бардошта буд, аз афташ, "иҷоранишонон" ба унвони нишон аз он истифода мекарданд.
Ҷанговари ҶМЛ мутахаллис ба Лола манзилро аз назар мегузаронад. Аммо то омадани минарӯбонба чизе даст намезанад.
"Вақти ақибнишинӣ сарбозони НМУ ҳама ҷоро минагузорӣ мекунанд. Дурбинҳои аз дур ҳидоятшавандро кор мефармоянд. Ин аст, ки онҳо метавонанд ҳаракати нерӯҳои моро аз тариқи онлайнӣ пайгирӣ мавозеъро заиф намоянд", - мегӯяд Лола.
Ҳашт сол аст, ки Лола меҷангад. Ӯ аз Луганск аст.
— Бисёре аз украиниҳо, хусусан дар навоҳии марказӣ ва ғарбии кишвар намефаҳманд, ки дар ин ҷо умуман сулҳнома вуҷуд надошт, — мегӯяд ин ҷанговар, — тамоми ин муддат аз Попасна Первомайск ва Стахановро тирборон кардаанд.
Дар ин ҷо чанги хунине буд. Мавқеъҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар теппае қарор доранд, ҳамла ба чунин ҷойҳо ҳамеша душвор аст. Ғайр аз ин дар ин ҷо вокзали роҳи оҳан мавҷуд аст, ки барои таъминот хеле муҳим аст.
Дар шаҳр то ҳол задухӯрдҳои мусаллаҳона идома доранд. Хумпора ва минаҳо ҳоло ҳам метарканд. Чанд рӯзи пеш ду нафар аз нерӯҳои мухарриб кушта шуданд. Ба қавли ҷанговарони ин кишвар, онҳо одатан таслим намешаванд, то охирин нафас меҷанганд.
"Бале, дар байни мардуми маҳаллӣ касоне ҳастанд, иттилоъ медиҳанд", - илова мекунад Лола. "Онҳо асосан бачаҳои ҷавон ҳастанд, ки мехоҳанд пули иловагӣ ба даст оранд. Ҳамчунин занҳое буданд, ки шавҳаронашон дар он тарафи фронт ҳастанд. Аммо чунин занҳо ангуштшуморанд. Аҳолӣ асосан тарафдори Русия аст", - афзуд ӯ.
Обломки украинской ракеты Точка-У в Донецке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Ҳамлаи Русия дар Донбасс: марз ва дурнамои нав
Владимир ба нафақа баромада, ба Попасна кӯчид. Солҳои зиёд дар Шимоли Дур кор карда, аз ҳисоби пасандозаш хона сохт. Соли 2014 низомиёни украинӣ дар наздикии хонаи ӯ қарор гирифтанд. Як моҳ пеш ин ноҳия дар хатти ҷабҳа қарор гирифт.
"Ҳанӯз тирпарронӣ қатъ нашудааст”, - мегӯяд ӯ. "Ман дар таҳхонаи гараж пинҳон шудаам, аммо рафтан фоида надорад".
Сарбозони қувваҳои мусаллаҳи Украина бо сарбозони маҳаллӣ қариб муошират намекарданд, ғизоро ҳам тақсим намекарданд, ба ёд меорад Владимир. Саховатмандии ҳаддиаксарие, ки онҳо метавонистанд бикунанд, додани як сигор буд. Аз хонаҳое, ки сокинон таркашон карда буданд, асбобу анҷоми рӯзгор мебурданд, мегӯяд ӯ.
"Аммо ҳашт сол пеш тақрибан нисфи аҳолӣ фаҳмиданд, ки ҳама чиз куҷо меравад, бинобар ин ба Русия рафтанд", - меафзояд Андрей, ҳамсояи Владимир. “Яке аз онҳо ҳатто барои суҳбат бо писари милисиааш бо телефон, ки гӯё координатҳои мавқеъро интиқол медод, ба муддати се сол зиндонӣ шуд", -афзуд ӯ.
Гурдони "Айдар", ки 8 сол пеш дар вилояти Луганск таъсис ёфта буд, дар Попасна мустақар аст.
"Онҳо одамонро аз Донбасс ҷалб накардаанд, дар сарзамини худ намеҷанганд ва дар ин ҷо ба касе ва чизе раҳм намекунанд", - таъкид мекунад Лола.

Дар остонаи фалокат

Низомиёни ҶМЛ хонаҳои наҷотёфтаро давр мезананд, сокинонро аз нав сабти ном мекунанд.
"Вобаста ба он чӣ ки дорем, кумак мекунем: ғизо, доруворӣ. Дар ҳолати лозим духтурро даъват мекунем ё онҳоро ба беморхонаи наздиктарин мебарем", - мегӯяд милисаи мутахаллис ба Бобо.
Чанде пеш як пиразани 99-соларо пайдо кардем. Ду ҳафта вай ба кӯча набаромада ва қариб чизе нахӯрда буд. Минарӯбҳоро даъват кардем — хумпораи натаркида дар боми ошхонаи тобистона буд.
— Духтарам гирифтори бемории саратон аст, дар вилояти Белгород табобат мегирад, — мегӯяд як зани солхӯрда, — чӣ гуна ӯ маро кумак мекунад? Ҳамсояҳо маро нигоҳубин мекарданд, ки ҳоло онҳо рафтаанд.
Одамон тадриҷан аз таҳхонахо мебароянд. Зери замин, дар ҳоле ки бехатар аст, вале онҳо мегӯянд, ҳанӯз сард аст.
Татяна мегӯяд: "Чанд рӯз пеш, вақте ки бори дигар тирпарронӣ шуд, ман чун одат ба таҳхона фаромадам. Ба хона хумпора бархӯрд, сӯхтор сар зад ва дари таҳхона фурӯ рехт. Хушбахтона, ҳамсояҳо оташро хомӯш карда, маро ба кӯча бароварданд".
Вай бо наҷотдиҳандагонаш зиндагӣ мекунад. Дар рӯйи оташ ғизо мепазанд. Шаҳр ба фалокати башардӯстона дучор шудааст.
Бо вуҷуди ин низомиён ваъда доданд, ки мунтазам кӯмак меоранд. Аммо вазъият дар Попасна бояд муътадил шавад.
Лентаи хабарҳо
0