Як кишвари ҳамсоя ба пахтаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд дорад

© Unsplash/Trisha DowningПоле хлопка
Поле хлопка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Соҳибкорони тоҷик ҳамтоёни худро аз кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" даъват карданд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Соҳибкорони Ӯзбекистон ба саноати сабук, яъне коркарди пурраи нахи пахтаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Дар ин бора зимни мулоқоти соҳибкорони вилояти Фарғонаю вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд гуфта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.

"Таваҷҷуҳи шарикон дар якчанд самт, аз ҷумла саноати сабук, яъне коркарди пурраи нахи пахта бештар дида мешавад", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин форум соҳибкорони кишвари ҳамсоя ба Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" даъват шуданд.
Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" рӯзҳои 17-18 июн дар Муассисаи давлатии "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад,
Дар назар аст, ки дар доираи ин форум миёни ду вилоят чанд санади ҳамкорӣ имзо шавад.
Мулоқоти соҳибкорону тоҷирони вилоятҳои Суғд ва Фарғона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни Фарғона ва Суғд
Ногуфта намонад, ки дар ин мулоқот миёни соҳибкорони Фарғона ва Суғд 15 санади ҳаморӣ имзо шуд.
Ин дар ҳолест, ки роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев пеши ҳукуматҳои ду кишвар вазифа гузоштаанд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 1 млрд доллари амрикоӣ дар як сол расонанд.
Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ - апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4% афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Душанбе - Тошкандро барои мусофирбарӣ боз мекунанд
Соли гузашта ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 447,8 млн доллар баробар буд. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0