Имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни Фарғона ва Суғд

Мулоқоти соҳибкорону тоҷирони вилоятҳои Суғд ва Фарғона
Мулоқоти соҳибкорону тоҷирони вилоятҳои Суғд ва Фарғона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Миёни ду вилояти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, чорводорӣ, саноати сабук, коркарди чарм созишнома имзо шудааст
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқот карда, 15 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва ноиби ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов ширкат кардаанд.

"Дар форуми тиҷоратӣ миёни ширкатҳои ду ҷониб 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот чанд санади ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, чорводорӣ, саноати сабук, коркарди чарм имзо шудаанд.
Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов гуфтааст, ки гурӯҳи соҳибкорон бо ташаббуси роҳбарони вилоятҳо тайи се рӯз дар вилояти Суғд бо соҳибкорони тоҷик мулоқот менамоянд.
Встреча Рахмона и Мирзиёева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Аз иқтисод то амният: Раҳмон гуфт, бо Мирзиёев сари кадом масоил тавофуқ ҳосил карданд
Ин дар ҳолест, ки роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев пеши ҳукуматҳои ду кишвар вазифа гузоштаанд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 1 млрд доллари амрикоӣ дар як сол расонанд.
Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ - апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4% афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Душанбе - Тошкандро барои мусофирбарӣ боз мекунанд
Соли гузашта ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 447,8 млн доллар баробар буд. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0