Дар Суғд гуфтанд, ки чӣ гуна аз паҳншавии обчакони маймун пешгирӣ мекунанд

© Sputnik / Артур Лебедев / Гузариш ба медиабонкОбезьяна в зоопарке
Обезьяна в зоопарке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Вазъи саломатии сайёҳону муҳоҷирон, ки аз минтақаҳои ҳассоси паҳнгаштаи обчакони ҳамдуна (маймун) омадаанд, зери назорати табибон қарор дода мешавад
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Паҳншавии бемории обчакони маймун дар як қатор кишварҳо масъулони марказҳои эпидемиологии Суғдро водор намудааст, ки чораҳои пешгирикунанда ҷорӣ кунанд.
Ҳамин тариқ дар гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд кормандони нуқтаҳои санитарию эпидемиологӣ вазъи саломатии сайёҳону муҳоҷиронро месанҷанд. Ин иқдом бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории обчакони ҳамдуна рӯйи даст гирифта шудааст.
Маҷнун Орипов, муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъди доман паҳн намудани ин беморӣ дар як қатор кишварҳои аврупоӣ назорат дар гузаргоҳҳои сарҳадии ҳудуди вилоят ба роҳ монда шуд.

“Дар гузаргоҳҳои марзӣ, дар шаҳру ноҳияҳо кормандони нуқтаҳои санитарию карантинӣ онҳоеро, ки аз минтақаҳои шуюи обчакони маймун меоянд, мавриди пурсиш қарор медиҳанд. Вақти сафар ва воридшавии ин теъдод ашхосро маълум намуда, вазъи саломатии онҳоро назорат мекунанд”, – гуфт Орипов.

Ин масъулони идораи беҳдоштӣ Суғд таъкид кард, ки то имрӯз ягон ҳолати воридшавии афроди гирифтор ба ин беморӣ ба кишвар сабт нашудааст.
Чанде пеш эпидемиологи аршади Русия Надежда Кобилянская эҳтимоли расидани бемории обилаи маймун ба Осиёи Марказиро баён намуда, сарчашмаҳои асосияшро номбар карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, расидани бемории обилаи маймун то Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро наметавон пурра истисно кард, аммо мешавад, аз паҳншавии он пешгирӣ намуд.
Здание Министерства здравоохранения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Омодагиҳо барои мубориза бо обчакони ҳамдуна дар Тоҷикистон
Ӯ зимни зикри манбаи паҳншавии ин беморӣ аз сайёҳоне ном бурд, ки аз кишварҳои африқоӣ дидан мекунанду метавонанд олудаи барангезандаи беморӣ шаванд.
"Ҳамчунин афроде, ки аз он тарафҳо ҳайвоноти нодир меоранд, метавонанд сарчашмаи паҳншавии беморӣ гарданд", - изҳор дошт ин табиб.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид кард, ки хушбахтона, обчакони ҳамдуна дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.
“Мо вазъияти ҷаҳонро бодиққат назорат карда, масъаларо меомӯзем. Ин беморӣ нав нест. Дар тоҷикон онро обчакони ҳамдуна мегӯянд”, - гуфт Ҷаъфаров.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ахиран дар бораи ҳодисаҳои гирифтории одамон ба бемории нав дар чанд кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бештар дар манотиқи аврупоии кӯраи Замин хабар дод. Ба ҳамин сабаб ҳоло дар ин кишварҳо чораҳои амниятӣ ҷорӣ намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0