https://sputnik.tj/20220603/korshinos-dargiri-marz-tojikistonu-qirghiziston-1048912974.html
Коршинос гуфт, кӣ метавонад даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад
Коршинос гуфт, кӣ метавонад даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос гуфт, дар ҳалли масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 30 сол боз идома дорад, Маскав ва СПАД метавонад кумак кунад
2022-06-03T17:40+0500
2022-06-03T17:40+0500
2022-06-03T20:18+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
қирғизистон
дар тоҷикистон
даргирӣ
марз
сарҳад
андеша
коршиносон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_130:24:1000:513_1920x0_80_0_0_7ca157bb59ba1a744dd95308a43e6b25.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Маскав ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ метавонанд дар рафъи ихтилофот миёни Қирғизистону Тоҷикистон кумак кунанд.Чунин андешаро Никита Мендкович, сиёсатшинос, роҳбари бошгоҳи таҳлилии "АвруОсиё" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.Ба гуфти ӯ, танҳо пурра муайян кардани хатти марз байни ду давлат метавонад ба даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нуқта гузорад. Ӯ ёдовар шуд, ки хатти марз ҳанӯз аз замони шӯравӣ инҷониб аломатгузорӣ нашудааст, ки албатта, сабаби ихтилофот мешавад.Ӯ сабаби дигари даргириҳо дар марзро қочоқи маводи мухаддир ва бозиҳои мафияҳо гуфт."Қочоқи маводи мухаддир дар марз хеле шадид буда, зиддиятҳои мавҷударо гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки ба қчоқи маводи мухаддир машғуланд, барои ноором кардани вазъ ва бозиҳои худ истифода мебаранд", - гуфт ӯ.Коршинос бовар дорад, ки Маскав ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ метавонанд дар рафъи ихтилофот миёни Қирғиизстону Тоҷикистон кумак кунанд.Дар баробари ин Мендкович таъкид менамояд, ки ҳарчанд дар ҷомеаи Қирғизистон ба чунин тадбирҳо тақозо вуҷуд дорад, аммо мақомот ба ин манфиатдор нестанд. "Ман дар як баҳси оммавӣ бо дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов ширкат кардам. Ӯ гуфт, ки ҳама масъалаҳо бо Тоҷикистон мустақилона ҳал мешаванд, Қирғизистон дар ин масъала на ба кумаки СПАД ва на ба кумаки Русия ниёз надорад. Мутаассифона, мебинем, ки бо вуҷуди пешгӯии ӯ вазъ дар марз тезутунд шудааст", - гуфт Мендкович.Коршинос хулоса кард, ки дар чунин ҳолат Маскав танҳо метавонад ҳодисотро мушоҳида кунад ва ҷонибҳоро ба ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала давъат намояд.Ёдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ рух дод. Он тақрибан ду соат давом кард.Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонҶониби Қирғизистон дар бораи тирпарронӣ дар минтақаи Булоқ-Бошӣ хабар дода буд, ки он дар наздикии ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҷойгир аст.Ин кишвар чун ҳолатҳои қаблӣ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард.Дар навбати худ сокинони маҳаллӣ дар ҷамоати Тоҷикистон Ворух ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии рустои Офтобрӯй оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, иллати даргириҳо, баръакс убури марзбонони қирғиз ба қаламрави Тоҷикистон будааст.Ҷароҳати ду марзбони қирғиз дар даргирӣ дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМаврид ба зикр аст, Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
https://sputnik.tj/20220603/zakhm-marzboni-tojik-sarhad-qirghiziston-1048911661.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_357:35:1000:517_1920x0_80_0_0_d1d9391cad5126fac978b7cac7af26b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, таниш, марзӣ
тоҷикистон, қирғизистон, таниш, марзӣ
Коршинос гуфт, кӣ метавонад даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад
17:40 03.06.2022 (Навсозишуда: 20:18 03.06.2022) Коршинос гуфт, дар ҳалли масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 30 сол боз идома дорад, Маскав ва СПАД метавонанд кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Маскав ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ метавонанд дар рафъи ихтилофот миёни Қирғизистону Тоҷикистон кумак кунанд.
Чунин андешаро Никита Мендкович, сиёсатшинос, роҳбари бошгоҳи таҳлилии "АвруОсиё" дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфти ӯ, танҳо пурра муайян кардани хатти марз байни ду давлат метавонад ба даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нуқта гузорад. Ӯ ёдовар шуд, ки хатти марз ҳанӯз аз замони шӯравӣ инҷониб аломатгузорӣ нашудааст, ки албатта, сабаби ихтилофот мешавад.
Ӯ сабаби дигари даргириҳо дар марзро қочоқи маводи мухаддир ва бозиҳои мафияҳо гуфт.
"Қочоқи маводи мухаддир дар марз хеле шадид буда, зиддиятҳои мавҷударо гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки ба қчоқи маводи мухаддир машғуланд, барои ноором кардани вазъ ва бозиҳои худ истифода мебаранд", - гуфт ӯ.
Коршинос бовар дорад, ки Маскав ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ метавонанд дар рафъи ихтилофот миёни Қирғиизстону Тоҷикистон кумак кунанд.
"Барои ҳарчи зудтар ҳал кардани буҳрон, ман бовар дорам, ки кумаки Русия ва СПАД ҳам ба ҳайси модератор ва ҳам тавассути фиристодани нозирони низомӣ ба минтақаи низоъ хеле муфид хоҳад буд", - бовар дорад коршинос.
Дар баробари ин Мендкович таъкид менамояд, ки ҳарчанд дар ҷомеаи Қирғизистон ба чунин тадбирҳо тақозо вуҷуд дорад, аммо мақомот ба ин манфиатдор нестанд.
"Ман дар як баҳси оммавӣ бо дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов ширкат кардам. Ӯ гуфт, ки ҳама масъалаҳо бо Тоҷикистон мустақилона ҳал мешаванд, Қирғизистон дар ин масъала на ба кумаки СПАД ва на ба кумаки Русия ниёз надорад. Мутаассифона, мебинем, ки бо вуҷуди пешгӯии ӯ вазъ дар марз тезутунд шудааст", - гуфт Мендкович.
Коршинос хулоса кард, ки дар чунин ҳолат Маскав танҳо метавонад ҳодисотро мушоҳида кунад ва ҷонибҳоро ба ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала давъат намояд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ рух дод. Он тақрибан ду соат давом кард.
Ҷониби Қирғизистон дар бораи тирпарронӣ дар минтақаи Булоқ-Бошӣ хабар дода буд, ки он дар наздикии ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ин кишвар чун ҳолатҳои қаблӣ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард.
Дар навбати худ сокинони маҳаллӣ дар ҷамоати Тоҷикистон Ворух ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии рустои Офтобрӯй оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, иллати даргириҳо, баръакс убури марзбонони қирғиз ба қаламрави Тоҷикистон будааст.
Маврид ба зикр аст, Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.