https://sputnik.tj/20220603/mirziyoev-film-jomi-navoi-1048897025.html
Мирзиёев хостори тамошои филм дар бораи Ҷомӣ ва Навоӣ дар тирамоҳ шуд
Мирзиёев хостори тамошои филм дар бораи Ҷомӣ ва Навоӣ дар тирамоҳ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Филм дар бораи дӯстии ду шоир ва мутафаккири тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, дар назар аст то охири соли равон ба намоиш гузошта шавад
2022-06-03T11:49+0500
2022-06-03T11:49+0500
2022-06-03T13:07+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҷомӣ
абдураҳмони ҷомӣ
алишер навоӣ
филм
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/37/1030063768_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_b7218153336640eac0476955cb9dd01b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Филм дар бораи дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, адибони ӯзбек ва тоҷик соли равон сабт мешавад. Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, ба замони намоиши он ишора кард. Тоҷикистону Ӯзбекистон 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатияшонро моҳи октябри соли равон ҷашн мегиранд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ба ҳамкориҳо дар арсаи фарҳангӣ, башардӯстона, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад. "Ин самт бо назардошти анъанаҳои наздики фарҳангии ду халқи бародар аҳамияти асосӣ дорад", - изҳор дошт ӯ.Азми Тоҷикистону Ӯзбекистон барои офаридани филм дар бораи таърихи дӯстии мардуми тоҷик ва ӯзбек дар симои дӯстии ду мутафаккир, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ҳанӯз дар сафари қаблии Мирзиёев ба Душанбе баён дошта шуд. Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" қаблан гуфт, ниҳоди таҳти идорааш ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон дар пайи омодагӣ ба сабти ин филм ҳастанд. Муассиса дар ин ҷода коршиносони соҳаро ҷалб намуда, ҷомишиносонро ба ҳамкорӣ даъват карда буд. Интизор меравад, ки ба таҳияи филм мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ низ ҷалб карда шаванд.
https://sputnik.tj/20220602/imzo-sanad-tojikistonu-uzbekiston-1048889500.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/37/1030063768_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_5cdeb937a33b3785a5a54a7ab8f86d34.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
филм, алишер навоӣ, абдураҳмони ҷомӣ
филм, алишер навоӣ, абдураҳмони ҷомӣ
Мирзиёев хостори тамошои филм дар бораи Ҷомӣ ва Навоӣ дар тирамоҳ шуд
11:49 03.06.2022 (Навсозишуда: 13:07 03.06.2022) Филм дар бораи дӯстии ду шоир ва мутафаккири тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, дар назар аст, то охири соли равон ба намоиш гузошта шавад
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Филм дар бораи дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, адибони ӯзбек ва тоҷик соли равон сабт мешавад.
Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, ба замони намоиши он ишора кард.
"Фикр мекунам, намоиши ин филм ҳодисаи деринтизор дар доираи таҷлили густурдаи 30-юмин солгарди муносиботи дипломатии давлатҳои мо хоҳад буд", - изҳор дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон.
Тоҷикистону Ӯзбекистон 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатияшонро моҳи октябри соли равон ҷашн мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ба ҳамкориҳо дар арсаи фарҳангӣ, башардӯстона, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.
"Ин самт бо назардошти анъанаҳои наздики фарҳангии ду халқи бародар аҳамияти асосӣ дорад", - изҳор дошт ӯ.
Азми Тоҷикистону Ӯзбекистон барои офаридани филм дар бораи таърихи дӯстии мардуми тоҷик ва ӯзбек дар симои дӯстии ду мутафаккир, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ҳанӯз дар сафари қаблии Мирзиёев ба Душанбе баён дошта шуд.
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" қаблан гуфт, ниҳоди таҳти идорааш ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон дар пайи омодагӣ ба сабти ин филм ҳастанд.
Муассиса дар ин ҷода коршиносони соҳаро ҷалб намуда, ҷомишиносонро ба ҳамкорӣ даъват карда буд. Интизор меравад, ки ба таҳияи филм мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ низ ҷалб карда шаванд.