https://sputnik.tj/20220602/imzo-sanad-tojikistonu-uzbekiston-1048889500.html
Имзои 15 санад дар ҳошияи сафари Раҳмон ба Ӯзбекистон
Имзои 15 санад дар ҳошияи сафари Раҳмон ба Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳошияи сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла 7 ҳуҷҷат дар ҳузури роҳбарони давлатҳо имзо шудаанд
2022-06-02T20:55+0500
2022-06-02T20:55+0500
2022-06-02T21:49+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
санад
имзо
эмомалӣ раҳмон
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048889306_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_d3c5f04650f17b843f8f6b92223516b3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар ҳошияи сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла 7 созишнома дар ҳузури роҳбарони давлатҳо имзо шудаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими имзои санадҳо баъди музокироти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекаш, Шавкат Мирзиёев сурат гирифт. Манбаъ афзуд, ки нахуст роҳбарони давлатҳо "Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон" - ро имзо гузоштаанд. Сипас дар ҳузури онҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидаст. Дар феҳрасти санадҳои нав, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом зикр шудаст. "Харитаи роҳ" оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах барои солҳои 2022-2023 аз санадҳои дигар мебошад. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Кумитаи рушди пиллапарварӣ ва саноати пашми Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пиллапарварӣ низ имзо шудааст. Созишномаҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳои фарҳанг барои солҳои 2022-2023, ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни вазорати рушди иқтисод, Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкориҳои саноатӣ аз ҷумлаи санадҳои нав имзошуда мебошанд. Дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ дод, ки дар дар маҷмуъ дар ҳошияи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20220602/bunyod-nerugoh-tojikiston-1048886892.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048889306_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_eeedee761e8531c94e58ff55ec85225d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо, санад, ҳамкорӣ, ӯзбекистон, эмомалӣ раҳмон
имзо, санад, ҳамкорӣ, ӯзбекистон, эмомалӣ раҳмон
Имзои 15 санад дар ҳошияи сафари Раҳмон ба Ӯзбекистон
20:55 02.06.2022 (Навсозишуда: 21:49 02.06.2022) Санадҳои нави имзошудаи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз фарҳанг то мубориза бо пулшӯиро дар бар мегиранд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар ҳошияи сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла 7 созишнома дар ҳузури роҳбарони давлатҳо имзо шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими имзои санадҳо баъди музокироти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекаш, Шавкат Мирзиёев сурат гирифт.
Манбаъ афзуд, ки нахуст роҳбарони давлатҳо "Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон" - ро имзо гузоштаанд. Сипас дар ҳузури онҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидаст.
Дар феҳрасти санадҳои нав, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом зикр шудаст.
"Харитаи роҳ" оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах барои солҳои 2022-2023 аз санадҳои дигар мебошад. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Кумитаи рушди пиллапарварӣ ва саноати пашми Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пиллапарварӣ низ имзо шудааст.
Созишномаҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳои фарҳанг барои солҳои 2022-2023, ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни вазорати рушди иқтисод, Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкориҳои саноатӣ аз ҷумлаи санадҳои нав имзошуда мебошанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ дод, ки дар дар маҷмуъ дар ҳошияи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.