https://sputnik.tj/20220603/jarohat-qirghiz-marz-tojikiston-qirghiziston-1048908033.html
Ҷароҳати ду марзбони қирғиз дар даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷароҳати ду марзбони қирғиз дар даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ду марзбони ин кишвар дар паи ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон захмӣ шудаанд
2022-06-03T16:18+0500
2022-06-03T16:18+0500
2022-06-03T20:04+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
тирпаронӣ
захмӣ шудан
сарбоз
қирғиз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_af273046e24e5177812737b8c92e8b49.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду марзбони қирғиз ҷароҳат бардошта, вазъи яке аз онҳо вазнин аст.Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Қирғизистон рӯзи ҷумъа ба РИА "Новости" хабар додааст.Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти пешакӣ, вазъи як марзбон вазнин аст. Аҳволи сарбози дувум муътадил арзёбӣ мешавад. "Дар ҷойи ҳодиса ду бригадаи ёрии таъҷилӣ кор мекунанд. Дар беморхонаи ягонаи вилоятии Бодканд тамоми кормандон ба реҷаи пурзӯри кор гузаронида шуда, захираи зарурии хун, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ мавҷуд аст", - афзуд Вазорати тандурустии ин кишвар. Қаблан хабар дода шуда буд, ки марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар марз вориди тирандозӣ шудаанд, ки беш аз ду соат идома кардааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти марзбонии Қирғизистон тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистонро таъйид кард. Ҷониби Қирғизистон дар бораи тирпарронӣ дар минтақаи Булоқ-Бошӣ хабар дода буд, ки он дар наздикии ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҷойгир аст.Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонҶониби Қирғизистон чун ҳолатҳои қаблӣ ин дафъа низ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард. Расман мақомоти марзбонии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи омилҳои сар задани ҳодиса иттилое надодаанд.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
https://sputnik.tj/20220603/tirparroni-vorukh-sharh-1048907006.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_139:0:860:541_1920x0_80_0_0_529e429e68faf73a1760d36d39a801b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тирпарронӣ, марз, ҷароҳати ду сарбоз, тоҷикистон, қирғизистон
тирпарронӣ, марз, ҷароҳати ду сарбоз, тоҷикистон, қирғизистон
Ҷароҳати ду марзбони қирғиз дар даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
16:18 03.06.2022 (Навсозишуда: 20:04 03.06.2022) Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ду марзбони ин кишвар дар пайи ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду марзбони қирғиз ҷароҳат бардошта, вазъи яке аз онҳо вазнин аст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Қирғизистон рӯзи ҷумъа ба РИА "Новости" хабар додааст.
"Дар натиҷаи ин ҳодиса дар қитъаи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ду сарбоз ҷароҳат бардошта, гурӯҳи ёрии таъҷилӣ онҳоро ба бемористони вилояти Бодканд интиқол медиҳад", - гуфт намояндаи хадамоти матбуотии Ҳукумати Қирғизистон.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти пешакӣ, вазъи як марзбон вазнин аст. Аҳволи сарбози дувум муътадил арзёбӣ мешавад.
"Дар ҷойи ҳодиса ду бригадаи ёрии таъҷилӣ кор мекунанд. Дар беморхонаи ягонаи вилоятии Бодканд тамоми кормандон ба реҷаи пурзӯри кор гузаронида шуда, захираи зарурии хун, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ мавҷуд аст", - афзуд Вазорати тандурустии ин кишвар.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар марз вориди тирандозӣ шудаанд, ки беш аз ду соат идома кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти марзбонии Қирғизистон тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистонро таъйид кард. Ҷониби Қирғизистон дар бораи тирпарронӣ дар минтақаи Булоқ-Бошӣ хабар дода буд, ки он дар наздикии ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ҷониби Қирғизистон чун ҳолатҳои қаблӣ ин дафъа низ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард. Расман мақомоти марзбонии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи омилҳои сар задани ҳодиса иттилое надодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.