Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тирпарронӣ дар Ворух: шарҳи сокинон ва мақомот

© Sputnik / Амир ИсаевПрирода Таджикистана
Природа Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Мақомдорони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара рух додани як ҳодисаи тирпаррониро дар маҳаллаи Кех таъйид карда, вазъи феълиро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Сокинони ҷамоати Ворухи Исфара бархе аз тафсилоти тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистонро баён доштанд.
Бархе аз сокинони наздимарзии Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тирпарронӣ соати 9-и субҳи 3-юми июн дар мавзеи Кехи ҷамоати Ворух рух додааст.

"Марзбонони қирғиз ба тарафи марзи Тоҷикистон ворид шуда, тирпаррониро шурӯъ намудаанд. Дар натиҷаи ин амал марзбонони тоҷик ҳам тири ҷавобӣ кушодаанд ва қирғизҳо ба қафо баргаштаанд", - гуфт яке аз ҳамсуҳбатҳо.

Ин ҳодисаро Меҳринисо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворух низ таъйид карда изҳор дошт, ки ҳодиса поён ёфт.
"Ҳоло марз ором аст ва мардум ҳама пайи кору зиндагии худ ҳастанд", - гуфт Раҳматова.
Дар мавриди паймадҳои он феълан иттилои дақиқе дар даст нест. Мақомоти марзбонӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд.
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти марзбонии Қирғизистон тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистонро таъйид карданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи тирпарронӣ дар минтақаи Булоқ-Бошӣ хабар дода буд, ки он дар наздикии ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ҷониби Қирғизистон чун ҳолатҳои қаблӣ ин дафъа низ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард. Расман мақомоти марзбонии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи омилҳои сар задани ҳодиса иттилое надодааст.
Маврид ба зикр аст, Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
Лентаи хабарҳо
0