https://sputnik.tj/20220602/tojikiston-uzbekiston-rohbari-mirziyoev-1048885830.html
Тавсиф аз рушди равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 6 соли роҳбарии Мирзиёев
Тавсиф аз рушди равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 6 соли роҳбарии Мирзиёев
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз дастовардҳо дар муносиботи ду кишвар тайи 6 соли охир тавсиф карда, ҷонибдорияшонро барои таҳкими минбаъда баён доштаанд
2022-06-02T18:55+0500
2022-06-02T18:55+0500
2022-06-02T18:55+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
мулоқот
музокирот
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048884947_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_a3c4e0e481e04ec6f0303a2feec10113.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев дар ҳайати маҳдуд музокирот гузаронданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дода, афзуд, ки роҳбарони ду давлат густариши ҳамкории тарафайн муфидро дар заминаи дӯстию ҳамсоядории хуби бисёрасраи халқи тоҷик баррасӣ карданд. Манбаъ изҳор дошт, ки тайи 6 сол ҷонибҳо ба пешрафти калон дар ҳамаи бахшҳои ҳамкорӣ ноил гардиданд. Созишҳое, ки қаблан дар сатҳи баланд ҳосил шуданд, самаранок татбиқ шуда истодаанд. "Мунтазам табодулҳо миёни ҳукумат, вазорату идораҳо ва минтақаҳои ду кишвар сурат мегиранд", - илова намуд дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон. Дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҷонибдорияшонро аз таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баён доштанд. Махсусан ба густариши тиҷорат ва ҳамкорӣ дар бахши саноату рушди имконоти ҳамлу нақл таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Татбиқи лоиҳаҳои обу энержӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев будаанд. Дар баробари ин роҳбарони ду давлат дар мавриди масоили байналмилалӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намудаанд. Интизор меравад, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон 2 рӯз идома ёбад.Дар ин сафар роҳбари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат ҳамроҳӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20220602/istiqbol-rasmi-prezident-tojikiston-1048884953.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048884947_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_d79042478830098b2e5e442d483b48c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъкид, равобит, тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳамкорӣ
таъкид, равобит, тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳамкорӣ
Тавсиф аз рушди равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 6 соли роҳбарии Мирзиёев
Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз дастовардҳо дар муносиботи ду кишвар тайи 6 соли охир тавсиф карда, ҷонибдорияшонро барои таҳкими минбаъда баён доштаанд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев дар ҳайати маҳдуд музокирот гузаронданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дода, афзуд, ки роҳбарони ду давлат густариши ҳамкории тарафайн муфидро дар заминаи дӯстию ҳамсоядории хуби бисёрасраи халқи тоҷик баррасӣ карданд.
"Мавзуъи марказии музокирот густариши муносиботи дутарафа, тавсеаи амалии барномаҳо дар бахшҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, ҳамлу нақл, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ - гуманитарӣ буданд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ изҳор дошт, ки тайи 6 сол ҷонибҳо ба пешрафти калон дар ҳамаи бахшҳои ҳамкорӣ ноил гардиданд. Созишҳое, ки қаблан дар сатҳи баланд ҳосил шуданд, самаранок татбиқ шуда истодаанд.
"Мунтазам табодулҳо миёни ҳукумат, вазорату идораҳо ва минтақаҳои ду кишвар сурат мегиранд", - илова намуд дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҷонибдорияшонро аз таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баён доштанд.
Махсусан ба густариши тиҷорат ва ҳамкорӣ дар бахши саноату рушди имконоти ҳамлу нақл таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
Татбиқи лоиҳаҳои обу энержӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев будаанд.
Дар баробари ин роҳбарони ду давлат дар мавриди масоили байналмилалӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намудаанд.
Интизор меравад, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон 2 рӯз идома ёбад.
Дар ин сафар роҳбари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат ҳамроҳӣ мекунанд.