https://sputnik.tj/20220602/sokinon-tojikistonro-garmo-shadid-1048867115.html
Сокинони Тоҷикистонро гармои шадид интизор аст
Сокинони Тоҷикистонро гармои шадид интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар поёни ҳафта тоҷикистониён ба гармои шадид мувоҷеҳ хоҳанд шуд, ки умдатан манотиқи ҷануби кишварро фаро хоҳад кард.
2022-06-02T10:42+0500
2022-06-02T10:42+0500
2022-06-02T13:40+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
ҳавои гарм
агентии ҳавосанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0b/1048371918_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_1387de5dd865ccbf8d74bffd737b9693.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Дар ҳамин ҳол дар ҷануби кишвар ҳаво асосан бебориш ва шамол қариб намевазад.Ҳамин тариқ, 2 июн ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе низ ҳам ҳаво дар назар аст. Бориш дар назар нест, шабона 12-14 ва рӯзона 33 дараҷа гарм мешавад. Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, танҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ борони кӯтоҳмуддат ва ҳатто раъду барқ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 дараҷа, рӯзона 29-34 дараҷа ва дар куҳҳо тақрибан 8-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шимоли ҷумҳурӣ, дар вилояти Суғд ҳаво асосан бебориш мешавад, вале дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ истисно нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.Дар ВМКБ танҳо дар қисмати ғарбӣ баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад, вале дар умуман бебориш. Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 8-13, рӯзона 21-26, дар шарқ шабона то 2 дараҷа сард ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.Дар ҳамитн ҳол, Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки баъзе вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар моҳи аввали тобистон дар баъзе ҷойҳо 1 ё 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220525/garmo-havosandon-tobiston-tojikistoniyon-1048695167.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0b/1048371918_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_cb3fa9fd8c22b67accafaeeab500bbf5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сокинон тоҷикистон гарм
Сокинони Тоҷикистонро гармои шадид интизор аст
10:42 02.06.2022 (Навсозишуда: 13:40 02.06.2022) Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар поёни ҳафта тоҷикистониён ба гармои шадид мувоҷеҳ хоҳанд шуд, ки умдатан манотиқи ҷануби кишварро фаро хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Дар ҳамин ҳол дар ҷануби кишвар ҳаво асосан бебориш ва шамол қариб намевазад.
Ҳамин тариқ, 2 июн ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ ҳам ҳаво дар назар аст. Бориш дар назар нест, шабона 12-14 ва рӯзона 33 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, танҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ борони кӯтоҳмуддат ва ҳатто раъду барқ мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 дараҷа, рӯзона 29-34 дараҷа ва дар куҳҳо тақрибан 8-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шимоли ҷумҳурӣ, дар вилояти Суғд ҳаво асосан бебориш мешавад, вале дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ истисно нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ танҳо дар қисмати ғарбӣ баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад, вале дар умуман бебориш. Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 8-13, рӯзона 21-26, дар шарқ шабона то 2 дараҷа сард ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамитн ҳол, Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки баъзе вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар моҳи аввали тобистон дар баъзе ҷойҳо 1 ё 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст.