https://sputnik.tj/20220602/panjakent-afzalshoh-parvanda-boz-shud-1048872540.html
Дар Панҷакент алайҳи мудири ҳукумат парванда боз шуд
Дар Панҷакент алайҳи мудири ҳукумат парванда боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нисбати мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Панҷакент ба гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ парварда боз шудааст
2022-06-02T13:30+0500
2022-06-02T13:30+0500
2022-06-02T17:45+0500
дар тоҷикистон
суғд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044288616_0:102:1920:1182_1920x0_80_0_0_29c74e3fbb45a2a3aa5971ad98696745.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар Панҷакент алайҳи А.Д., мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, хабар медиҳад Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд.Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, парванда алайҳи мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент дар заминаи шикояти як сокини ҷамоати Саразм боз шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, нисбати ин мудири ҳукумати шаҳри Панҷакент аз сӯйи мақомоти прокуратура бо моддаи 247, қисми 2 , парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Зимнан гумонбаршуда дастгир гардида, ӯ феълан дар боздошгоҳ қарор дорад. Маврид ба зикр аст, ки номбурда як сол пеш ба ин вазифа таъйин шуда будааст.Чанде пеш мақомоти прокуратураи Суғд вазъи қонунгузории уҳдадории ҳарбиро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи парвандаҳои саркашии ҷавонон аз хидмат ва ошкоршавии ҷиноятҳои коррупсионии масъулони комиссияи даъватӣ дар соли қаблӣ иттилоъ дода буд.Мақомоти прокуратура дар шарҳи ошкорёбии мавридҳои фасодкорӣ ному насаби ҳамаи гумонбарони ҷиноят ва ҳаҷми гирифтани пораро зикр кардааст.Бино ба иттилои ин ниҳод, мутахассиси пешбари комиссарияти ҳарбии ноҳияи Спитамен барои озод кардани шаҳрванд аз хидмати ҳарбӣ бо гирифтани 900 доллар, духтури сироятшиноси КАТС дар шаҳри Бӯстон барои мусоидат кардан ба гирифтани билети ҳарбӣ ба азхуднамоии 1100 доллар муттаҳам дониста мешавад.Ҳамчунин нисбати корманди комиссарияти ҳарбӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои дар ҳудуди вилоят адо намудани хидмати ҳарбӣ бо гирифтани 3 000 сомонӣ, нозири мизи ҳарбии ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо гирифтани 8000 сомонӣ барои омода кардани билети ҳарбии марбути нафарони қобилияташон маҳдуд ва сармутахассиси комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба гирифтани 10 000 сомонӣ дар ҷиҳати тайёр кардани билети ҳарбӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
https://sputnik.tj/20220531/bozdosht-zaminsoz-khatlon-1048827111.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044288616_174:0:1881:1280_1920x0_80_0_0_63ea7284bbed8d770c0bcacb9ee8a345.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панҷакент парванда мудири ҳукумат қаллобӣ
панҷакент парванда мудири ҳукумат қаллобӣ
Дар Панҷакент алайҳи мудири ҳукумат парванда боз шуд
13:30 02.06.2022 (Навсозишуда: 17:45 02.06.2022) Нисбати мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Панҷакент ба гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ парварда боз шудааст
ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар Панҷакент алайҳи А.Д., мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, хабар медиҳад Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд.
Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, парванда алайҳи мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент дар заминаи шикояти як сокини ҷамоати Саразм боз шудааст.
"Номбурда моҳи феврали соли 2022 бо роҳи фиреб ба бовари сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Саразм даромада, барои ба хидмати алтернативии ҳарбӣ сафарбар накардани фарзандаш 28 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст", - гуфт котиби РВКД.
Бино ба иттилои манбаъ, нисбати ин мудири ҳукумати шаҳри Панҷакент аз сӯйи мақомоти прокуратура бо моддаи 247, қисми 2 , парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Зимнан гумонбаршуда дастгир гардида, ӯ феълан дар боздошгоҳ қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки номбурда як сол пеш ба ин вазифа таъйин шуда будааст.
Чанде пеш мақомоти прокуратураи Суғд вазъи қонунгузории уҳдадории ҳарбиро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи парвандаҳои саркашии ҷавонон аз хидмат ва ошкоршавии ҷиноятҳои коррупсионии масъулони комиссияи даъватӣ дар соли қаблӣ иттилоъ дода буд.
Мақомоти прокуратура дар шарҳи ошкорёбии мавридҳои фасодкорӣ ному насаби ҳамаи гумонбарони ҷиноят ва ҳаҷми гирифтани пораро зикр кардааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, мутахассиси пешбари комиссарияти ҳарбии ноҳияи Спитамен барои озод кардани шаҳрванд аз хидмати ҳарбӣ бо гирифтани 900 доллар, духтури сироятшиноси КАТС дар шаҳри Бӯстон барои мусоидат кардан ба гирифтани билети ҳарбӣ ба азхуднамоии 1100 доллар муттаҳам дониста мешавад.
Ҳамчунин нисбати корманди комиссарияти ҳарбӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои дар ҳудуди вилоят адо намудани хидмати ҳарбӣ бо гирифтани 3 000 сомонӣ, нозири мизи ҳарбии ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо гирифтани 8000 сомонӣ барои омода кардани билети ҳарбии марбути нафарони қобилияташон маҳдуд ва сармутахассиси комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба гирифтани 10 000 сомонӣ дар ҷиҳати тайёр кардани билети ҳарбӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.