https://sputnik.tj/20220602/iqtisoddon-qurb-dollar-iun-1048865195.html
Иқтисоддонҳо гуфтанд, қурби доллар дар моҳи июн чӣ гуна хоҳад шуд
Иқтисоддонҳо гуфтанд, қурби доллар дар моҳи июн чӣ гуна хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз пастшавии рекордӣ пули амрикоӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мавқеи доимӣ пайдо карда наметавонад: доллар дар вақтҳои охир хеле ноустувор шудааст
2022-06-02T09:00+0500
2022-06-02T09:00+0500
2022-06-02T13:49+0500
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/04/1046503376_0:143:3073:1871_1920x0_80_0_0_d3494dcb95349477d129dad1c2455987.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар моҳи июн доллар метавонад ба нишондиҳандаҳои 70-75 рубл баргардад. Дар ин бора Дмитрий Ферапонтов, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи Синерҷӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.Коршинос таъкид кард, ки дар тӯли як моҳи охир рубл таҳкими бесобиқа нишон дода, ба қатори қавитарин асъорҳо дар ҷойи аввал баромад.Вай гуфт, ки яке аз тамоюлҳо наздикшавии нархи евро ва доллар аст. Баъзан фарқияти байни асъорҳо аз 1,5 то 2 рублро ташкил медод.Коршинос сабаби аслии ин падидаро мушкилот дар иқтисод ва нобаробарии сиёсӣ дар минтақаи евро медонад."Танзимгари доллар (Системаи захоири федералӣ) низ бо мушкилот рӯ ба рӯ аст, аммо таъсири ин омилҳо камтар назаррас аст", - гуфт ӯ.Қурби рубл дар чанд рӯзи охир поин рафт. Ба ин тасмими Бонки Русия дар бораи сабук кардани сиёсати пулию қарзӣ ва коҳиш додани меъёри он то 11% мусоидат кард.Ферапонтов гуфт, ба далели вобастагии зиёд аз содирот ҳатто дар шароити гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ҳукумат ва иқтисод ба рубли қавӣ ниёз надоранд.Омили иловагӣ набудани талабот ва маҳдудият дар гардиши асъор дар дохили кишвар буд: асъорҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи ҳисоббаробаркунӣ ва пардохт ҷолибияти худро гум карданд."Қурби миёнаи рубл то ҳол дар сатҳи 70-75 рубл барои як доллар ва евро нигоҳ дошта мешавад, ки ба ҳамдигар хеле наздик шудаанд", - таъкид кард иқтисодчӣ.Намудорҳои ҷории қурби рубл вобастагии онро аз омилҳои сершумор дар муддати кӯтоҳ муаян карда, тамоюли баромадан аз ноустуворӣ ба нишондиҳандаҳои бозорро нишон медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220526/dollar-sabab-ustuvor-rubl-1048716730.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/04/1046503376_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_03f8368f3acca143bfbce703c3072d1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисоддон қурб доллар акшгӯӣ
иқтисоддон қурб доллар акшгӯӣ
Иқтисоддонҳо гуфтанд, қурби доллар дар моҳи июн чӣ гуна хоҳад шуд
09:00 02.06.2022 (Навсозишуда: 13:49 02.06.2022) Пас аз пастшавии рекордӣ пули амрикоӣ ба ҳеҷ ваҷҳ он мавқеи доимияшро пайдо карда наметавонад: доллар дар вақтҳои охир хеле ноустувор шудааст
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар моҳи июн доллар метавонад ба нишондиҳандаҳои 70-75 рубл баргардад. Дар ин бора Дмитрий Ферапонтов, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи Синерҷӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Коршинос таъкид кард, ки дар тӯли як моҳи охир рубл таҳкими бесобиқа нишон дода, ба қатори қавитарин асъорҳо дар ҷойи аввал баромад.
"Аммо як моҳ давраи хеле кӯтоҳ аст, ки тамоюли воқеии дарозмуддатро нишон намедиҳад. Дар охири моҳи май мо заъфи пули Русияро мушоҳида кардем, ки қурби асъор ба 70 рубл барои як доллар ва евро наздик шуд”, - гуфт Ферапонтов.
Вай гуфт, ки яке аз тамоюлҳо наздикшавии нархи евро ва доллар аст. Баъзан фарқияти байни асъорҳо аз 1,5 то 2 рублро ташкил медод.
Коршинос сабаби аслии ин падидаро мушкилот дар иқтисод ва нобаробарии сиёсӣ дар минтақаи евро медонад.
"Танзимгари доллар (Системаи захоири федералӣ) низ бо мушкилот рӯ ба рӯ аст, аммо таъсири ин омилҳо камтар назаррас аст", - гуфт ӯ.
Қурби рубл дар чанд рӯзи охир поин рафт. Ба ин тасмими Бонки Русия дар бораи сабук кардани сиёсати пулию қарзӣ ва коҳиш додани меъёри он то 11% мусоидат кард.
Ферапонтов гуфт, ба далели вобастагии зиёд аз содирот ҳатто дар шароити гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ҳукумат ва иқтисод ба рубли қавӣ ниёз надоранд.
Омили иловагӣ набудани талабот ва маҳдудият дар гардиши асъор дар дохили кишвар буд: асъорҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи ҳисоббаробаркунӣ ва пардохт ҷолибияти худро гум карданд.
"Қурби миёнаи рубл то ҳол дар сатҳи 70-75 рубл барои як доллар ва евро нигоҳ дошта мешавад, ки ба ҳамдигар хеле наздик шудаанд", - таъкид кард иқтисодчӣ.
Намудорҳои ҷории қурби рубл вобастагии онро аз омилҳои сершумор дар муддати кӯтоҳ муаян карда, тамоюли баромадан аз ноустуворӣ ба нишондиҳандаҳои бозорро нишон медиҳанд.