https://sputnik.tj/20220602/davlatali-said-hamto-uzbek-mlrd-dollar-1048874383.html
Давлаталӣ Саид бо ҳамтои ӯзбекаш расондани савдо то ба 1 млрд долларро баррасӣ кард
Давлаталӣ Саид бо ҳамтои ӯзбекаш расондани савдо то ба 1 млрд долларро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ӯзбекистон тамоми имкониятҳоро барои то 1 млрд доллар расондани додугирифти молро доранд, таъкид шуд дар мулоқоти ноибони сарвазирони ду кишвар
2022-06-02T14:05+0500
2022-06-02T14:05+0500
2022-06-02T17:48+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ӯзбекистон
давлаталӣ саид
додугирифт
додугирифти мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048874156_28:0:851:463_1920x0_80_0_0_2768b06208442fa3b7d95d18b6fb1dfa.png
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар Ӯзбекистон 252 ширкат бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, хабар дод Ҳукумати ҶӮ. Ба иттилои манбаъ, ин нуқта дар мулоқоти Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш Сардор Умурзоқов таъкид шудааст. Баръакс дар Тоҷикистон 64 корхона бо сармояи Ӯзбекистон фаъолият доранд. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва тадбирҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, энержӣ, мудирияти об, нақлиёт ва логистикаро баррасӣ карданд. Дар масъалаи додугирифт зикр шуд, ки тайи 5 соли охир ҳаҷми муомилоти мол қариб 3 баробар афзуда, дар 4 моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҷонибҳо ҷонибдорияшонро аз фаъол гардонидани корхонаҳои муштарак ва инчунин афзоиши гардиши савдои Ӯзбекистону Тоҷикистон то ба 1 млрд доллар баён доштанд. Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ-апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4% афзоиш ёфтааст.Соли гузашта ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 447,8 млн доллар баробар буд. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.Ҳиссаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9%-ро ташкил медиҳад.Бар асоси омори расмӣ, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, арматура, алюминийи аввалия содир карда, аз он ҷо гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва ғайраро мехарад.
https://sputnik.tj/20220602/tojikiston-kharidor-barq-roghun-1048870372.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048874156_131:0:748:463_1920x0_80_0_0_28a8c9e143bab67de6d331e34e14bb25.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
млрд, доллар, савдо, душанбе, тошканд
млрд, доллар, савдо, душанбе, тошканд
Давлаталӣ Саид бо ҳамтои ӯзбекаш расондани савдо то ба 1 млрд долларро баррасӣ кард
14:05 02.06.2022 (Навсозишуда: 17:48 02.06.2022) Тоҷикистону Ӯзбекистон тамоми имкониятҳоро барои то 1 млрд доллар расондани додугирифти молиро доранд, таъкид шуд дар мулоқоти ноибони сарвазирони ду кишвар
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар Ӯзбекистон 252 ширкат бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, хабар дод Ҳукумати ҶӮ.
Ба иттилои манбаъ, ин нуқта дар мулоқоти Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш Сардор Умурзоқов таъкид шудааст. Баръакс дар Тоҷикистон 64 корхона бо сармояи Ӯзбекистон фаъолият доранд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва тадбирҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, энержӣ, мудирияти об, нақлиёт ва логистикаро баррасӣ карданд.
Дар масъалаи додугирифт зикр шуд, ки тайи 5 соли охир ҳаҷми муомилоти мол қариб 3 баробар афзуда, дар 4 моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҷонибҳо ҷонибдорияшонро аз фаъол гардонидани корхонаҳои муштарак ва инчунин афзоиши гардиши савдои Ӯзбекистону Тоҷикистон то ба 1 млрд доллар баён доштанд.
Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ-апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4% афзоиш ёфтааст.
Соли гузашта ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 447,8 млн доллар баробар буд. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Ҳиссаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9%-ро ташкил медиҳад.
Бар асоси омори расмӣ, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, арматура, алюминийи аввалия содир карда, аз он ҷо гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва ғайраро мехарад.