https://sputnik.tj/20220602/bozdosht-vazir-tandurust-qirghiziston-muttaham-1048885498.html
Дар Қирғизистон вазири тандурустӣ боздошт шуд: ба чӣ муттаҳам мешавад
Дар Қирғизистон вазири тандурустӣ боздошт шуд: ба чӣ муттаҳам мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи маълумотҳои пешакӣ зараре, ки вазири тандурустии Қирғизистон ба давлат расондааст беш аз як миллиард сом арзёбӣ мешавад 02.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-02T21:30+0500
2022-06-02T21:30+0500
2022-06-02T21:30+0500
қирғизистон
тандурустӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038777508_22:0:984:541_1920x0_80_0_0_11fd5680ce58bb66dcfe097c2185b9e3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазорати вазорати тандурустии Қирғизистон Алимқодир Бейшеналиев бо гумони даст доштан дар фасод боздошт шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод.Бар хабари манбаъ, Қирғизистон аз моҳи декабри соли 2020 то сентябри соли 2021 аз кишварҳое чун Русия, Чин, Озарбойҷон, Қазоқистон ва созмонҳои мухталифи байналмилалӣ барои мубориза алайҳи бемории коронавирус 451 560 воя ваксин ҳамчун кумаки башардӯстона қабул намуда буд.Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сарони Русия ва Чин дар бораи интиқоли иловагии 6 миллион воя ваксина ба таври ройгон гуфтушунид анҷом дода буд, вазир бидуни мувофиқа дар моҳҳои апрел, июн,июл ва сентябри соли 2021 аз ширкатҳои хусусии хориҷӣ 2 миллион 460 ҳазор воя ваксина ба маблағи 1 миллиарду 581 миллиону 474 ҳазору 315 сомонӣ харидорӣ намудааст."Сарфи назар аз мавҷудияти зиёда аз 3 миллион воя ваксина дар кишвар, мансабдорон барои фоидаи шахсӣ миқдори муайяни ваксинаро харидорӣ намуданд, ки дар натиҷа 243 223 ваксина аллакай корношоям гардиданд", - омадааст дар хабари манбаъ.Зикр гардид, ки муҳлати истифодаи аксар ваксинаҳои харидшуда қариб ба анҷом мерасад.Ҳамин тариқ, Вазорати тандурустӣ бо роҳбарии вазир ба давлат як миллиарду 581 миллион сом зарар ворид намудааст.Феълан, аз рӯи ин далел аз ҷониби кормандони милитсия парванда боз шудааст. илова бар ин, алайҳи вазири тандурустӣ ва мансабдорон боз 5 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
https://sputnik.tj/20220602/janjol-toshiev-madumarov-bahs-qochoq-tojikiston-1048880297.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038777508_142:0:863:541_1920x0_80_0_0_0d0c086248ea36407090beedd78ee333.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, тандурустӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, боздошт, вазир
қирғизистон, тандурустӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, боздошт, вазир
Дар Қирғизистон вазири тандурустӣ боздошт шуд: ба чӣ муттаҳам мешавад
Тибқи маълумотҳои пешакӣ зараре, ки вазири тандурустии Қирғизистон ба давлат расондааст беш аз як миллиард сом арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазорати вазорати тандурустии Қирғизистон Алимқодир Бейшеналиев бо гумони даст доштан дар фасод боздошт шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, Қирғизистон аз моҳи декабри соли 2020 то сентябри соли 2021 аз кишварҳое чун Русия, Чин, Озарбойҷон, Қазоқистон ва созмонҳои мухталифи байналмилалӣ барои мубориза алайҳи бемории коронавирус 451 560 воя ваксин ҳамчун кумаки башардӯстона қабул намуда буд.
Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сарони Русия ва Чин дар бораи интиқоли иловагии 6 миллион воя ваксина ба таври ройгон гуфтушунид анҷом дода буд, вазир бидуни мувофиқа дар моҳҳои апрел, июн,июл ва сентябри соли 2021 аз ширкатҳои хусусии хориҷӣ 2 миллион 460 ҳазор воя ваксина ба маблағи 1 миллиарду 581 миллиону 474 ҳазору 315 сомонӣ харидорӣ намудааст.
"Сарфи назар аз мавҷудияти зиёда аз 3 миллион воя ваксина дар кишвар, мансабдорон барои фоидаи шахсӣ миқдори муайяни ваксинаро харидорӣ намуданд, ки дар натиҷа 243 223 ваксина аллакай корношоям гардиданд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Зикр гардид, ки муҳлати истифодаи аксар ваксинаҳои харидшуда қариб ба анҷом мерасад.
Ҳамин тариқ, Вазорати тандурустӣ бо роҳбарии вазир ба давлат як миллиарду 581 миллион сом зарар ворид намудааст.
Феълан, аз рӯи ин далел аз ҷониби кормандони милитсия парванда боз шудааст. илова бар ин, алайҳи вазири тандурустӣ ва мансабдорон боз 5 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.