Бурузи бузургтарин артиш дар Аврупо киро таҳдид мекунад?

© KENZO TRIBOUILLARDФлаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса
Флаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Маскав ба изҳороти садри аъзами Олмон вокуниш нишон дод, ки гуфта буд: "Олмон базудӣ бузургтарин артиши муқаррарӣ дар Аврупо дар чаҳорчӯби НАТО-ро хоҳад дошт"
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik, Петр Акопов. Сергей Лавров гуфт, ҳарфҳое дар бораи Олмон ҳамчун "қувваи асосии низомии Иттиҳодияи Аврупо" аз эҳёи "ормонҳои ҳукмронӣ" дар Олмон шаҳодат медиҳанд. Вазир чун ҳарвакта сухани худро бодиққат интихоб мекунад, вале истилоҳи "мусаллат" дар ҳақиқат, танҳо шакли сабуки "гегемония" аст.
Дар ҳамин ҳол ҳамагӣ чанд ҳафта пеш Лавров қайд кард буд, ки "баъди ба қудрат расидани ҳукумати кунунии Олмон он нишонаҳои охирини истиқлолро аз даст дод". Оё ин ҷо ихтилофи рӯшане вуҷуд дорад? Агар кишваре мустақил набошад, чӣ гуна метавонад даъвои бартарӣ дошта бошад? Аммо вазъияти ҳозираи Аврупо чунин аст, ки ҳама чиз имконпазир мебошад.
Шолтс, албатта, бо изҳороти худ ба ҳаяҷон омада, ваъда дод, ки баназдикӣ дар доираи НАТО калонтарин армияи Аврупоро ба вучуд меоварад, то "бехатарии ҶФО ва иттифоқчиёни онро хеле мустаҳкам намояд".
Садри аъзам тавзеҳ надод, ки вай дар бораи Аврупо чиро дар назар дорад ва ҷойе барои гумонзанӣ дар бораи бундесвер боқӣ гузошт гузошт. Ҳоло вай қариб 180 ҳазор нафар низомӣ дорад, дар ҳоле ки 210 ҳазор нафар суфуфи қувваҳои мусаллаҳи Фаронса мавҷуд аст.
Дар як муддати кутоҳ шумораи артиши олмониҳоро 15-20 фоиз зиёд кардан комилан мумкин аст, аммо саволи ягона ин масрафи молии он аст. Аммо дар НАТО ва тақрибан дар Аврупо (ҳамчун номзад ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупо) Туркия низ ҳаст ва беш аз ним миллион артиш дорад. Олмони мағлубшуда хич гоҳ чунин артиш надошт: дар Олмон шумори ҳадди аксари нерӯҳо ба 450 ҳазор нафар мерасид. Пас агар олмонҳо ҳадафи бештар шудан аз артиши Туркияро дошта бошанд, ин масъаларо ба куллӣ тағйир медиҳад.
Флаг ЕС у здания представительства Европейского союза в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Аврупо таҳримҳоро идома медиҳад
Он на барои Русия, балки барои НАТО ва Иттиҳоди Аврупо тағйир меёбад. Зеро тамоми тартиботи ҷаҳонии баъд аз ҷанги атлантикӣ, тамоми ягонагии Ғарб ба формулаи оддие, ки аввалин котиби генералии НАТО баён кардааст, асос ёфтааст. Генерал Исмай гуфта буд: "Амрикоиёнро дар дохил, русҳоро дар берун ва олмониҳоро дар поён нигоҳ доред".
Яъне ИМА дар Аврупо, Русия берун аз Аврупо ва Олмонро зери назорат нигоҳ доранд. Ҳама чиз (барои атлантикчиён) хеле оддӣ аст, ба шарте ки Олмон ба англосаксонҳо ақаллан аз ҷиҳати ҳарбӣ вобаста бошад. Бинобар ин ягон артиши умумиаврупоӣ имконнопазир аст, зеро вазъияти ҶФО дар Аврупро ба назар гирифта, ин артиши метавонад аз Олмон бошад. Ва пайдоиши он як қадами калидӣ дар роҳи истиқлоли Аврупо аз англосаксонҳо мебошад.
Аммо барои он ки Олмонро зери назорат нигоҳ доранд, онро гоҳ-гоҳ тарсондан лозим аст ва ҳоло Русия хеле тарсидааст. Ҳатто ба назари баъзе аз англосаксонҳо чунин менамояд, ки онҳо на танҳо Русияро аз Аврупо боэътимод ва ба муддати тӯлонӣ берун овардаанд, балки ҳатто имкон пайдо кардаанд, ки тамоми тарқишҳои байни худро бетонрезӣ кунанд, пардаи оҳании воқеии геополитикӣ созанд.
Газодобывающее предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
Ихтилоф дар Аврупо дар мавриди таҳримҳо алайҳи Русия
Онҳо онро бар хилофи манфиатҳои Олмон сохтанӣ мешаванд, на бо қувваҳои он: лаҳистониҳо ва дигар шведҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Олмониҳоро лагадкӯб хоҳанд кард ва аллакай лагадкӯб карда мешаванд - барои солҳои оштӣ бо Путин ва Русия. Аммо дар ин замина ҶФО хомушона худро пок карда наметавонад, вай мехоҳад ба кори умумии мустаҳкам намудани амнияти Аврупо ҳисса гузорад.
Ё худ тавре ки Шолтс дар охири моҳи феврал гуфта буд, барои Олмон "вақти калон шудан аст", на танҳо аз ҳамкориҳои энержӣ бо Русия, балки аз ҳисоби афзоиши хароҷоти дифоъ ва тақвияти ҳузури низомии худ дар Аврупои Шарқӣ.
Қадами навбатӣ суханон дар бораи бузургтарин артиши Аврупо буд, сарфи назар аз он ки Шолтс, албатта, артиши Туркияро аврупоӣ намешуморад. Англосаксонҳо алайҳи омода будани Олмон нестанд: худи онҳо солҳо боз аз Берлин талаб мекарданд, ки барои яроқу аслиҳа бештар харҷ кунад ва ҳоло онро барои ба миқдори ночиз фиристодани яроқу аслиҳа ба Украина танқид мекунанд. Каме зиёд шудани бундесвери зери назорати англосаксонӣ барои Аврупо ҳич гоҳ тахдид намекунад, пойгоҳҳо ва силоҳи ҳастаӣ ҳанӯз аз Амрико мебошанд ва фармондеҳии артишҳои миллӣ дар ҳақиқат дар дасти НАТО мебошад.
Аммо на ҳама чиз ин қадар оддист.
Олмониҳо омодаанд, артиши худро зиёд кунанд, на аз он сабаб, ки дар назди лаҳистониҳо барои муносибатҳои неки чандинсола бо Русия шарм медоранд. Не, онҳо танҳо намехоҳанд, ки назорати Иттиҳоди Аврупоро аз даст диҳанд.
Танк Т-14 Армата на Тверской улице в Москве перед началом репетиции парада Победы в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Расонаҳо: Миёни Лаҳистону Олмон бар сари интиқоли танкҳо ба Украина нофаҳмӣ сар зад
Барои Берлин муҳим аст, ба англосаксонҳо имконият надиҳад, ки нуфузи худро дар ИА зиёд кунанд ва митинги зидди Русия чунин имкон медиҳад. Лаҳистонро муҳимтарин мувозинати нуфузи Олмон дар Иттиҳоди Аврупо мешуморанд ва аз ин рӯ табиист, ки Берлин мехоҳад мухолифонро аз имкони таъна кардани олмониҳо барои тарсуӣ маҳрум созад.
Бинобар ин Лавров вақте ки дар бораи саъю кӯшиши хукмронии ҶФО сухан меронад, дуруст аст, фақат онхоро бо хоҳиши мустаҳкам намудани мавкеъҳояшон не, балки ҳимоя кардани онҳо шарҳ медиханд. Дар баробари ин аз даст додани боқимондаҳои соҳибихтиёрӣ низ ба амал меояд.
Гузашта аз ин хоҳиши Олмон барои нигоҳ доштани бартарият дар Иттиҳодияи Аврупо як чолиш барои лоиҳаи англосаксонӣ нест, ба шарте ки худи ИА дар зери назорати элитаи атлантикӣ (англосаксон ва аврупоӣ) бошад. Яъне Олмони нисбатан қавӣ ва назоратшаванда дар Иттиҳодияи Аврупо маҳз версияи ҳамгироии аврупоӣ аст, ки англосаксонҳо дар маҷмуъ аз он қаноатманданд.
Немецкие пивовары обеспокоены ростом цен  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Нигаронии тавлидкунандагони оби ҷав дар Олмон аз болоравии нарх - видео
Ҳамоиши аврупоӣ ду сенария дар оянда дорад (албатта, сеюм - набудани он ё пошхӯрии ИА ба ҳисоб намеояд). Якум, гузаштан ба зинаи нави ҳамоиш дар ду тарафи Атлантика ва ба ибораи дигар таъсиси НАТО-и иқтисодӣ низ мебошад (он чӣ, ки 10 сол пеш тавассути шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории фароатлантикӣ кӯшиш карда буданд). Дуюм ин аст, ки таҳкими Иттиҳоди Аврупо боиси ба як маркази мустақили қудрат табдил ёфтани он (аз ҷумла низомиён), аз байн бурдани НАТО ва пароканда шудани Ғарби муттаҳид мегардад.
Сенарияи дуюм бе барқарор намудани истиқлоли комили Олмон имконнопазир аст ва бинобар ин масъалаи маҳдудияти афзоиши артиши Олмон аҳамияти ҷиддӣ дорад. Баровардани Русия аз Аврупо (ҳатто муваққатан) на танҳо вазифаи назорати Олмонро бекор намекунад, балки барои англосаксонҳо вазифаи аввалиндараҷа мегардонад.
Фақат як чиз норӯшан аст: чӣ тавр онҳо аврупоиҳоро бовар мекунонанд, ки афзоиши "таҳдиди Русия" бояд боиси махдуд шудани афзоиши артиши Олмон шавад.
Лентаи хабарҳо
0