Дар шаҳри Хуҷанд мактаби камонварӣ сохта мешавад

© Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдГузоштани санги асос барои бунёди мактаби варзишӣ оид ба намуди камонварӣ дар Суғд
Гузоштани санги асос барои бунёди мактаби варзишӣ оид ба намуди камонварӣ дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд мактаби вижаи варзишии камонварӣ, ки аз рӯйи ин намуд варзиш Зебуниссо Рустамова Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон машҳур карда буд, сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд маросими гузоштани санги асос ба сохтмони мактаби камонварӣ оғоз шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавд, ки оғози сохтмони мактаб бо ширкати раиси ин вилоят Раҷаббой Аҳмадзхода сурат гирифтааст.
Тибқи гузориши манбаъ, фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои асосӣ аз 2 ошёна иборат хоҳад буд.
Дар ошёнаи якум утоқҳои кории маъмурият, пизишкон, мураббиён, ҷойи оббозӣ, ҷойи либоскашӣ ва толори маҷлисгоҳ ҷойгир мешавад. Дар саҳни ошёнаи якум майдони камонварии тобистона сохта хоҳад шуд.
Дар ошёнаи дуюм бошад, толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо аз рӯйи камонварӣ, утоқи либоскашӣ ва утоқ барои нигоҳ доштани таҷҳизотҳои камонварӣ ҷойгир мешавад.
Спорт в городе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Аз дави миллӣ то шоҳмот. Оғози мавсими мусобиқаҳо дар Суғд
Раиси вилоят дар суҳбат бо варзишгарон изҳор доштааст, ки бо дастгириҳои пайвастаи президент ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти нав бунёд мегардад.
Аҳмадзода изҳори боварӣ кардааст, ки бо фаъол гардидани мактаби варзишии камонварӣ барои машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз миёни онҳо қаҳрамонҳое чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.
Истиқболи Рустамова аз таъйиноти кадрӣ дар бахши варзиш
Мактаби варзишӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" ҷойгир аст.
Дар ин мавзеъ варзишгоҳи бузургтарини вилоят, қасри варзишӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ, майдонҳои теннис мавҷуд буда, ташкили боз як иншооти нави соҳаи варзиш ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0