Вучич: Ғарб аз Сербистон мавқеъгирии зидди Русияро талаб дорад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент Сербии Александр Вучич
Президент Сербии Александр Вучич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Президенти Сербистон изҳори ифтихор кард, ки кишвараш дар шароити мураккаби феълӣ дар ҷаҳон на мавқеи зидди Ғарб ва на русбезориро пеш гирифтааст
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ аз Сербистон талаб мекунанд, ки бар зидди Русия мавқеъ гирад. Ин нуктаро Александр Вучич, президенти Сербистон дар ҳошияи савгандёдкунӣ барои даври дуюми раёсаташ дар парлумони кишвар баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, мавқеъгирии зидди Русия хилофи манфиатҳои миллии Сербистон, аз ҷумла дар бахши таъмини тамомияти арзӣ, таъмини энержӣ ​​ва хилофи равобити анъанавии хуб бо Русия мебошад.
Александр Вучич пас аз савгандёдкунӣ дар парлумон изҳор дошт, ки Сербистон бо вуҷуди вазъи кунунии ҷаҳон ба ҳич гуна бархӯрди зиддиғарбӣ ё русбезорӣ иҷоза намедиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Сербистон, ки 3 апрел баргузор шуд, Вучич 58,59%-и ороъро ба даст оварда, дар даври аввал бо бартарии боварибахш пирӯз шуд.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Патрушев: Лаҳистон талош дорад, қаламрави ғарбии Украинаро забт кунад
Ӯ ахиран дар суҳбат бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи вазъи Украина ва густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои Кремл, яке аз масъалаҳое, ки сарони давлатҳо матраҳ карданд, таъмини газ буд.
"Аз ҷумла мувофиқа шуд, ки Русия интиқоли гази табиӣ ба Сербистонро идома медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Путин ва Вучич майли Русия ва Сербистонро барои таҳкими шарикии стратегӣ бар пояи равобити наздики анъанавии мардуми ду кишвар тасдиқ карданд.
Раисҷумҳури Сербистон дар пайи суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин гуфт, ба созиш расиданд, ки қимати газ барои Сербистон аз Федератсияи Русия бамаротиб камтар аз нархи миёнаи бозор хоҳад буд. Ӯ изҳор доштааст, тақрибан нархи газ барои Сербистон ҳудуди се баробар арзонтар хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0