Патрушев: Лаҳистон талош дорад, қаламрави ғарбии Украинаро забт кунад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия мегӯяд, Лаҳистон ба тасарруфи замин дар ғарби Украина идома медиҳад. Ӯ гуфт, аз вазъ ҳар давлате мехоҳад суде гирад
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Зоҳиран Лаҳистон аллакай ба сӯйи тасарруфи қаламравҳои ғарбии Украина ҳаракат мекунад.
Дар ин бора дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев рӯзи сешанбе дар Қазон гуфт.
"Шарикони ба истилоҳ ғарбии режими Киев низ мухолифи истифода аз вазъи кунунӣ ба манфиати худ нестанд ва нақшаҳои вижае дар бораи сарзамини Украина доранд. Тасдиқи равшани ин сафари президенти Лаҳистон ба Киев буд: президент Дуда, инчунин изҳороти ӯ, ки гуфт, базудӣ миёни Украина ва Лаҳистон "сарҳад бардошта мешавад", - гуфт Патрушев дар нишасти амнияти миллӣ дар Волга.
"Зоҳиран Лаҳистон аллакай ба забт кардани қаламравҳои ғарбии Украина мегузарад", - гуфт Патрушев.
Металлургический комбинат Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия: Дар "Азовстал" ҷасади низомиёни украинӣ мингузорӣ шудааст
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Русия дар ҷараёни амалиёти вижа беш аз 3,3 ҳазор танки украиниро нобуд кард
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Ахиран президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон омодагии худро барои ташкили музокироти навбатии тарафҳо изҳор дошт.
Лентаи хабарҳо
0