Путину Эрдуғон аз амалиёт дар Украина ва роҳҳали он гуфтанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Туркия дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш пешниҳод кард, ки мулоқоти сеҷониба дар масъалаи Украина дар Истанбул баргузор шавад
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон амалиёт дар Украинаро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Туркия хабар дода афзуд, ки Эрдуғон зимни суҳбат бо Путин пешниҳод кардааст, ки мулоқоти сеҷонибаи ҳайати Русия, Украина ва Созмони Милали Муттаҳид дар Истанбул гузаронда шавад.
Раисҷумҳури Туркия зарурат ба иқдомеро зикр намудааст, ки метавонад пайомадҳои бади ҷангро коҳиш диҳанду барои эҳёи сулҳу эътимод миёни Русия ва Украина мусоидат кунанд.
Ӯ омодагии ҷониби Туркияро барои иҷрои нақши нозир дар мулоқот дар сурати ризоияти ҷонибҳо баён доштааст. Эрдуғон гуфт, дар баробари раисҷумҳури Русия бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский низ суҳбати телефонӣ анҷом медиҳад ва аз ӯ даъват хоҳад кард, ки аз роҳҳои муколамаю дипломатия истифода намоянд.
Тяжелая огнеметная система Солнцепёк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Чӣ тавр "Солнсепек"-и Русия дар Украина кор мекунад
Ин дар ҳолест, ки ахиран вазъи Украинаро президенти Русия телефонӣ бо президенти Фаронса, Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс низ баррасӣ кард.
Ба иттилои Кремл, раҳбари Русия дар бораи рванди амалиёти вижаи идомадошта муфассал маълумот дода қайд кард, ки нерӯҳои ФР меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро қатъиян риоя мекунанд.
Манбаъ афзуд, дар суҳбат ҳамчунин ба раванди музокирот, ки бо айби Киев қатъ шуда буд, таваҷҷуҳ карданд. Владимир Путин омодагии Русияро барои азсаргирии муколама баён кардааст.
Вай ҳамчунин ба масъалаи "хавфнок будани идомаи интиқоли силоҳҳои ғарбӣ ба Украина" ва хатарҳои марбут ба ноором кардани вазъ ва ташдиди буҳрони башардӯстона таваҷҷуҳ кардааст.
Роҳбарони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳоро идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0