Ҳушдори дафтари сиёсии Солеҳ аз тарҳи толибҳо барои ояндаи Афғонистон

© AFP 2023 / Mohd RasfanЧлены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле
Члены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Тарҳи толибҳо аз манобеи боътимод дар ин гурӯҳ ба даст омада, ба иддаои дафтари сиёсии ноиби президенти пешини Афғонистон, ривоят аз як низоми диктатурӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дафтари сиёсии Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали пешини раисҷумҳури Афғонистон тарҳи толибон барои ояндаи сиёсии Афғонистонро фош карда, аз ояндаи торик ҳушдор дод. Худи Солеҳ ба унвони "Тарҳу нақшаи сиёсии гурӯҳи толибон" дар сафҳаи расмиаш матнеро интишор дод, ки ба иддаои ӯ ва бовари толибҳо, машруияти дохиливу байнулмилаливу дохилии ҳукумати онҳоро тазмин хоҳад кард.
Як масъули дафтари сиёсии Амруллоҳ Солеҳ дар шарҳи ин навишта ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин иттилоот аз манобеи боътимод дар дохили ҳукумати толибон ба даст омада, ривоят аз як ояндаи торик ва низоми диктатурии фоқиди озодиҳои сиёсиву динӣ ва инсонӣ барои тамоми мардуми Афғонистонро пешбинӣ мекунаду тақвият бахшидани ҳукумати ин гурӯҳи тамомиятхоҳро ҳадаф гирифтааст.
“Нахуст, толибон мехоҳанд маҳалли фаъолияти Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд, “амирулмуъминин” ё раҳбари иморати исломии Толибонро дар шаҳри Кандаҳор ҳифз кунанд, яъне Кандаҳор пойтахти сиёсии Афғонистон боқӣ мемонад, он гуна ки имрӯз ҳаст. Ин ҳам ба он хотир аст, ки аз таҳаввулоти сиёсӣ ва қиёмҳои мардумӣ эмин бошад”, - гуфт манбаъ.
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Муҳиб: Солеҳ дар бораи дигарҳо ба Ашраф Ғанӣ маълумоти нодуруст медод
Дувум, Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, толибон мехоҳанд, интихоботи Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга) ва шӯроҳои вилоятиро таҳти назорати як кумитаи ихтихоботии иборат аз мавлавиҳои узви ин гурӯҳ баргузор кунанд.
"Раиси ин кумитаро мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд таъйин мекунад. Ҳамчунин ин кумита маълум мекунад, ки кӣ номзад бошад, кӣ на. Аъзои қаблии Вулуси ҷирга, шӯроҳои вилоятӣ ва касоне, ки ба ҷумҳурият тааллуқ доштанд ва ҳамчунин наметавонанд номзад бошанд", - гуфт масъули дафтари сиёсии Амруллоҳ Солеҳ.
Ба иддаои Амруллоҳ Солеҳ, умури иҷроии давлат ба садри аъзам ё нахуствазир вогузор мешавад, ки аз тарафи мулло Ҳайбатуллоҳ ба Вулуси ҷирга муаррифӣ мегардад, аммо парлумон фақат барномаи садри аъзамро гӯш мекунад ва ҳаққи таъйиду радди ӯро надорад.
“Парлумон танҳо як ҳақро хоҳад дошт, ки ба таври катбӣ аз мулло Ҳайбатуллоҳ хоҳиш кунад, то шахси дигареро муаррифӣ намояд. Яъне парлумон ҳаққи радди пешниҳоди тасмимеро, ки дар Кандаҳор гирифта шудааст, надорад. Аъзои калидии ҳукуматро ҳам Кандаҳор пешниҳод мекунад ва занон наметавонанд узви кобина бошанд”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, садри аъзам Шӯрои вазиронро раҳбарӣ мекунад ва муназзам ба Кандаҳор гузориш медиҳад, ки амалан Кобул ба пойтахти идории толибон табдил хоҳад ёфт.
Генеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Зас аз се таҳдиди даҳшатнок ба ҷаҳон ҳушдор дод
“Раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ - вазирони дифоъу дохила ва раиси амнияти миллиро худи мулло Ҳайбатуллоҳ таъйин мекунад ва онҳо ба садри аъзам тобеъ нахоҳанд буд. Қозиюлқуззот – раиси Суди Олиро низ ӯ таъйин мекунад ва дар Суди Олӣ ягон шиамазҳаб ҳузур нахоҳад дошт”, - гуфтааст Амруллоҳ Солеҳ.
Собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон мегӯяд, “амирулмуъминин” як раҳбари бо салоҳиятҳои номаҳдуд хоҳад буд, ки дар ҳоли фавт ё кушта шуданаш ҷойнишини ӯро Шӯрои олии уламо барои ҳифозат аз асли иморати исломӣ таъйин хоҳад кард.
Ӯ афзуд, аъзои ин шӯро ҳама бояд узви толибон бошанд. Ягон шиамазҳаб узви он буда наметавонад. Дафтари шӯро дар шаҳри Кандаҳор хоҳад буд ва дар тамоми вилоёт намоянда хоҳад дошт, ки баландтарин марҷаъи шаръӣ ва сиёсӣ хоҳад буд ва фаъолияти волиҳо ва ниҳодҳои давлатиро назорат ва ҳидоят хоҳад кард. Ба ҳамин минвол идораҳои вилоятӣ дутабақаӣ мешаванд - сиёсӣ ва идорӣ, яъне идораҳои давлатӣ фақат кор мекунанд, на сиёсат, гуфтааст ӯ.
Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, дар низоми толибонии Афғонистон ягон ҳизб, анҷуман, шӯрои маҳаллӣ ё ниҳоди ғайридавлатӣ, ки бо мардум кор кунад, иҷозати фаъолият нахоҳад дошт ва ҳатто расонаҳои озод баста мешаванд ва ё хеле маҳдуд мегарданд.
“Ин ояндае, ки барои Афғонистон толибон тарҳ кардаанд, ба онҳо на машруияти дохилӣ медиҳад, на байнулмилалӣ, баръакс, сафи мухолифони онҳоро хоҳад афзуд. Онҳо дар даври аввали ҳокимияти худ ин қабил тарҳро матраҳ карда буданд, ки таври маълум, на аз сӯйи мардуми Афғонистон ва на ҳам ҷомеаи байнулмилалӣ пазируфта нашуд”, - гуфт гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Амруллоҳ Солеҳ дар оғози ҷумҳурият (2001 – 2021) як муддат раиси Раёсати амнияти миллӣ ва дар анҷоми он муовини аввали Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон буд. Вай пас аз суқути ҷумҳурият, дар 15 августи соли 2021 Афғонистонро тарк карда, ба хориҷ паноҳ бурд.
Лентаи хабарҳо
0