https://sputnik.tj/20220530/zas-tahdid-dahshat-jahon-hushdor-1048806284.html
Зас аз се таҳдиди даҳшатнок ба ҷаҳон ҳушдор дод
Зас аз се таҳдиди даҳшатнок ба ҷаҳон ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Хавфҳои асосӣ ба СААД дар шароити ноустувории ҷаҳонӣ шадидтар мешаванд: созишномаҳое, ки даҳсолаҳо вуҷуд доштанд, воқеан аз кор монданд
2022-05-30T18:50+0500
2022-05-30T18:50+0500
2022-05-30T18:50+0500
саад
станислав зас
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/12/1048550158_0:0:3137:1765_1920x0_80_0_0_0439cf7dc730ceeeae283c526d02299c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Системаи амнияти ҷаҳонӣ дар айни замон буҳрони шадидро аз сар мегузаронад. Дар ин бора дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, хатароти аслӣ барои СПАД ҳамоно минтақаҳои даргир дар наздикии марзҳои кишварҳои узви ин иттиҳод мебошанд. Пеш аз ҳама ин ҷо манзур фаъол шудани НАТО дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, хатарҳои марбут ба вазъ дар Афғонистон аст.Вай ёдовар шуд, ки мавқеи принсипиалии СПАД зарурати ҳалли сиёсии низоъҳост. Зас ҳамаи қувваҳоеро, ки вазъияти амнияти байналхалқӣ ба онҳо вобаста аст, даъват намуд, вазъияти буғранҷро ба эътидол оваранд. Дабири кулли ин созмон гуфт, ҳоло тавофуқҳое, ки даҳсолаҳо вуҷуд доштанд, воқеан эътибор надоранд ва "сатҳи нобоварӣ байни шуморе аз бозигарони пешсаф ба як нуқтаи муҳим расидааст".Ҳамзамон СПАД барои таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои узви ин иттиҳодия чораҳои зарурӣ меандешад ва ҳамеша омодааст, ки манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунад, афзуд Зас дар суҳбат бо "Парламентская газета".Қаблан полковник Эдуард Еритсян, муовини сардори Раёсати сиёсати дифои Вазорати дифои Арманистон аз афзоиши таҳдидҳои густарда дар марзҳои кишварҳои СПАД хабар дода буд.Зас омодагии СПАД-ро барои посух ба таҳдидоти ношӣ аз густариши НАТО эълон кардВай инчунин диққатро ба он ҷалб намуд, ки вазъияти ҳарбию сиёсии ҷаҳон ноором шуда истодааст. Дар ин замина ба СПАД зарур аст, ки барномаи бархӯрд ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақаиеро, ки ба манфиатҳои кишварҳои узви ин созмон дахл доранд, таҳия намуда, ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва дастгирии ҳамдигарро амиқтар намоянд.
https://sputnik.tj/20220528/putin-sozishnoma-spad-tasvib-1048768193.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/12/1048550158_43:0:2774:2048_1920x0_80_0_0_816200aaa7099266ed3703c928c899f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зас спад таҳдид ҷаҳон ҳушдор
зас спад таҳдид ҷаҳон ҳушдор
Зас аз се таҳдиди даҳшатнок ба ҷаҳон ҳушдор дод
Хавфҳои асосӣ ба СААД дар шароити ноустувории ҷаҳонӣ шадидтар мешаванд: созишномаҳое, ки даҳсолаҳо вуҷуд доштанд, воқеан аз кор монданд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Системаи амнияти ҷаҳонӣ дар айни замон буҳрони шадидро аз сар мегузаронад. Дар ин бора дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, хатароти аслӣ барои СПАД ҳамоно минтақаҳои даргир дар наздикии марзҳои кишварҳои узви ин иттиҳод мебошанд.
Пеш аз ҳама ин ҷо манзур фаъол шудани НАТО дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, хатарҳои марбут ба вазъ дар Афғонистон аст.
"Чолишҳо ва таҳдидҳои минтақаӣ на танҳо шиддати худро гум накардаанд, балки ба далели афзояндаи номуайянии ҷаҳонӣ, онҳо тамоюли афзоишёбӣ доранд", - гуфт Зас.
Вай ёдовар шуд, ки мавқеи принсипиалии СПАД зарурати ҳалли сиёсии низоъҳост.
Зас ҳамаи қувваҳоеро, ки вазъияти амнияти байналхалқӣ ба онҳо вобаста аст, даъват намуд, вазъияти буғранҷро ба эътидол оваранд.
Дабири кулли ин созмон гуфт, ҳоло тавофуқҳое, ки даҳсолаҳо вуҷуд доштанд, воқеан эътибор надоранд ва "сатҳи нобоварӣ байни шуморе аз бозигарони пешсаф ба як нуқтаи муҳим расидааст".
Ҳамзамон СПАД барои таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои узви ин иттиҳодия чораҳои зарурӣ меандешад ва ҳамеша омодааст, ки манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунад, афзуд Зас дар суҳбат бо "Парламентская газета".
Қаблан полковник Эдуард Еритсян, муовини сардори Раёсати сиёсати дифои Вазорати дифои Арманистон аз афзоиши таҳдидҳои густарда дар марзҳои кишварҳои СПАД хабар дода буд.
Вай инчунин диққатро ба он ҷалб намуд, ки вазъияти ҳарбию сиёсии ҷаҳон ноором шуда истодааст.
Дар ин замина ба СПАД зарур аст, ки барномаи бархӯрд ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақаиеро, ки ба манфиатҳои кишварҳои узви ин созмон дахл доранд, таҳия намуда, ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва дастгирии ҳамдигарро амиқтар намоянд.