Муҳриддин бо намояндаи вижаи Амрико вазъи Афғонистонро баррасӣ кард

© МИД РТМинистр иностранных дел Республики Таджикистан С.Мухриддин
Министр иностранных дел Республики Таджикистан С.Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Дар вохӯрӣ мубориза ба терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва инчунин расондани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи вижаи ИМА дар Афғонистон сурат гирифт. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти Сироҷиддин муҳриддин бо Томас Уэст рӯзи 31 май дар дафтари ин ниҳод сурат гирифт.
Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.
Члены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
Баҳои стратеги тоҷик ба 10 моҳи ҳукуматдории толибҳо
Ҳамчунин ҷонибҳо дар масъалаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон суҳбат карданд. Масъалаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон низ мавриди баррасии дипломати тоҷик ва намояндаи ИМА дар Афғонистон қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаи гузашта толибон аз боз шудани гузаргоҳи марзии Панҷи Поён - бандари Шерхон хабар доданд.
Ин гузаргоҳ ҳудуди даҳ рӯз аз сӯйи ҳукумати толибон банд монд.
Он замон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон гуфта буд, ки "вақте Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон виза ва иҷозаи вуруд намедиҳад, толибон ҳам рафтуомад дар марзро манъ карданд ва то вақте тафоҳум миёни вазоратҳои хориҷа ба миён наояд, гузаргоҳи Шерхон-бандар баста хоҳад монд.
Лентаи хабарҳо
0